Ноябр 05, 2018 10:39 Asia/Dushanbe
  • Фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон дар бораи нафақаи хонаводаҳои коргарони муҳоҷир

Коршиносони Шӯрои уламои исломии вобаста ба Маркази исломии ин кишвар бо судури фатвое эълом карданд, коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ муваззафанд, нафақаи хонаводаи худро дар даврони муҳоҷират бипардозанд.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, коршиносони ин шӯро дар посух ба пурсишҳои бархе шаҳрвандон гуфтаанд, ки сарпарастони хонаводҳое, ки барои кор ба хориҷ рафтаанд, шаръан набояд бештар аз 4 моҳ он ҷо бимонанд ва агар ҳам муддати ҳузури онон тӯлонӣ шуд, муваззаф ҳастанд, маоши рӯзонаи волидайн ва зану фарзандони худро таъмин кунанд. Аз дидгоҳи Шӯрои исломии Тоҷикистон, таъмин накардани ҳазинаи зиндагии хонаводаҳо аз сӯйи сарпарастони онҳо беш аз чаҳор моҳ ва бидуни далел ишколи шаръӣ дорад.

Ин фатво дар ҳоле содир мешавад, ки хонаводаи теъдоде аз коргарони муҳоҷирони тоҷик, ки барои кор ба Русия рафтаанд, солҳост, аз онон бехабаранд, бо духтарони рус издивоҷ кардаанд ва ба далоили мухталиф ҳазинаҳои мавриди ниёзи волидайн ва зану фарзандашонро таъмин намекунанд. Ҳамчунин ба далели буҳрони шадиди иқтисодӣ ва молӣ дар Русия бархе аз муҳоҷирони корӣ даромади кофӣ барои ирсол ба хонаводаҳои худро надоранд.

Ранҷу машаққати хонаводаҳои коргарони муҳоҷири тоҷик ин рӯзҳо ба яке аз мушкилоти ҷиддии иҷтимоӣ дар Тоҷикистон табдил шудааст.