Ноябр 06, 2018 10:48 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти заифи корхонаҳои ресандагии вилояти Хатлон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти заифи корхонаҳои ресандагии вилояти Хатлон, ки камтар аз зарфияти хеш ришта тавлид кардаанд, ба шиддат интиқод кард.

Ба гузориши Дафтари матбуоти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ноҳияи Данғара сафар кардааст, дар маросими баҳрабардорӣ аз марҳалаи дувуми корхонаи бофандагии муштараки Тоҷикистон ва Чин ба номи Ҷунтай – Данғара, фаъолияти ҳафт корхонаи бофандагӣ дар вилояти Хатлонро ғайриқобили пазириш донист.

Вай таъкид кард, ки ин ҳафт корхона аз зарфияти тавлиди 26 ҳазор тон нахи пахта дар сол бархурдор мебошанд, аммо дар соли 2017 наздик ба шаш ҳазору 500 тон ва имсол 10 ҳазору 400 тон риштаи пахта тавлид кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон аз мудирони ин корхонаҳо дархост кардааст, ки барои афзоиши тавлиди риштаи пахта чораандешӣ кунанд.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон ҳукумати Тоҷикистон барои тавлиди 80 ҳазор тон нахи пахта дар корхонаҳои дохилии ин кишвар барномарезӣ кардааст ва тайи чанд соли оянда теъдоди дигаре марказҳои ресандагӣ ба баҳрабардорӣ хоҳад расид.

Дар ҳоли ҳозир бахши ночизе аз беш аз 350 ҳазор тон пахтаи тавлидшуда дар Тоҷикистон дар дохили ин кишвар ба ришта табдил мешавад ва бақия ба шакли хом ба хориҷ содир мегардад.

Бар асоси омори расмӣ дар соли 2017 наздик ба 700 миллион сомонӣ ба Тоҷикистон маҳсулоти саноати ресандагӣ ва бофандагӣ ворид карда шуда ва ҳаҷми содироти пахтаи хоми ин кишвар дар сол ба беш аз як миллиарду 200 миллион сомонӣ мерасад.