Ноябр 06, 2018 12:27 Asia/Dushanbe
  • Ваъдаи мақомоти давлатӣ ба сокинони маҳаллаи Варзоб ГЭС-и Душанбе

Мақомоти давлатӣ ба сокинони як маҳаллаи Душанбе, ки ба ихроҷи маҷбурӣ аз хонаҳояшон эътироз доранд, ваъдаи ҳаллу фасли ин мушкилро доданд.

Абдулмаҷид Усмонов сухангӯи шаҳрдории Душанбе дар посухи катбӣ ба радиои Озодӣ дар бораи ихроҷи маҷбурии сокинони маҳаллаи Варзоб ГЭС аз хонаҳояшон навиштааст, агар ин хонаҳо муҷаввизи қонунӣ доранд, ба хотири тахлия ҳатман маблағе ба унвони ҷубронпулӣ ба моликонашон пардохт хоҳад шуд.

Усмонов афзудааст, мавзӯи эътирози сокинони ин маҳаллаи пойтахти Тоҷикистон дар дасти баррасӣ аст ва иншоаллоҳ ба нафъи соҳибон хонаҳои ҷанҷолӣ ба поён хоҳад расид.

Гуфта мешавад дар маҳаллаи мавсум ба Варзоб ГЭС ҳудудан 200 нафар зиндагӣ мекунанд, ки мақомоти муддаӣ ҳастанд хонаҳои онон муҷаввизи қонунӣ надоранд.

Баҳси сокинони Варзоб ГЭС бо мақомоте, ки исрор бар ихроҷи онҳо аз хонаҳояшон доранд, беш аз ду сол аст, ки идома дорад.

Дар ин муддат мақомоти давлатӣ ба эътирозҳои сокинони ин маҳаллаи шаҳри Душанбе посухи қонеъкунанда надодаанд.

Хариди хона ва замин аз мушкилоти асосӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон аст.