Ноябр 06, 2018 18:11 Asia/Dushanbe
  • Талоши Душанбе ва Абудабӣ барои таҳкими равобити дуҷониба

Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатии Тоҷикистон дар дидор бо сафири Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамкориҳои ду кишвар гуфт‍угӯ ва табодули назар кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Фаррух Ҳамроҳализода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатии Тоҷикистон дар дидор бо Муҳаммад Аҳмад Алҷобир, сафири Амороти Муттаҳида Арабӣ дар ин кишвар таҳким ва густариши равобити дуҷониба дар заминаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, тиҷорӣ, саноатӣ, энержӣ, кишоварзӣ ва ҳамлу нақлро баррасӣ карданд. Ҳамроҳализода ҳамчунин бар алоқамандии кишвараш барои роҳандозии ҳамлу нақли ҳавоӣ байни Душанбе ва Абудабӣ, иҷрои тарҳҳои сармоягузорӣ дар бахши маъдан, эҷоди зерсохтҳои гардишгарӣ, таъсиси бонкҳои тиҷории Абудабӣ дар Тоҷикистон ва арзаи маҳсулоти кишоварзӣ ва оби ошомидании Тоҷикистон ба Аморот таъкид кард. Сафири Амороти Муттаҳидаи Арабӣ низ зимни эъломи омодагӣ барои таҳкими таомулоти иқтисодӣ ва тиҷории ду кишвар теъдоде аз ширкатҳои арабиро барои ҳамкорӣ дар заминаи саноати табдили мева ва сабзӣ ва арзаи маҳсулоти омода ба Абудабӣ муаррифӣ кард.

Ба эътиқоди коршиносон, барои кишварҳои арабӣ сармоягузорӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чандон бо тавҷеҳи иқтисодӣ сурат намегирад, аз ин рӯ, фаъолиятҳои Қатар, Арабистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистону Узбакистон, ки дорои пешинаи мазҳабӣ ҳастанд, фақат ба равобити иқтисодӣ мунҷар намешавад ва ин кишварҳо ба дунболи нуфузи фикрӣ ва ақидатӣ дар ҷавомеи Осиёи Марказӣ ҳастанд.