Иддаои манбаи русӣ: Гулмрод Ҳалимов омодаи ҳамла ба Бадахшони Тоҷикистон
(last modified Wed, 07 Nov 2018 13:36:30 GMT )
Ноябр 07, 2018 18:36 Asia/Dushanbe
  • Иддаои манбаи русӣ: Гулмрод Ҳалимов омодаи ҳамла ба Бадахшони Тоҷикистон

Як маркази таҳлилӣ дар Русия эълом кард, Амрико тасмим гирифтааст, ҷангҷӯёни ифротиро дар қолаби ДИИШ ва ба саркардагии Гулмрод Ҳалимов аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, бавижа Тоҷикистон интиқол диҳад.

Ба тозагӣ як маркази таҳлилӣ ба номи Бунёди фарҳангҳои стратегӣ дар Русия бо истинод ба манобеи амниятӣ дар сатҳи минтақа, муддаӣ шудааст, ки Амрико ба таври ҷиддӣ барномаи интиқоли ДИИШ-ро аз тариқи Афғонистон ба Тоҷикистон ва Узбакистон дар дастури кор қарор додааст.

Бино бар эъломи ин марказ, Тоҷикистон ва Узбакистон ҳадафи нахуст дар иҷрои барномаи Ғарб барои нуфузи бештар ба ҳаёти хилвати Русия дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешаванд ва ҷумҳуриҳои дигар, аҳдофи баъдӣ хоҳанд буд.

Бар асоси таъкиди ин маркази таҳлилии русӣ, фармондеҳи ДИИШ барои кашондани ҷанг ба Осиёи Марказиро полковник Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи пешин ва фирори фармондеҳи Дастаи таъиноти махсус (ОМОН)-и назди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бар ӯҳда дорад.

Ҳалимов дар гузашта омӯзишҳои низомиро дар Амрико фаро гирифта ва аз соли 2015 ба ДИИШ пайвастааст.

Маркази таҳлилии Бунёди фарҳангҳои стратегӣ дар Русия муддаӣ аст, ин фармондеҳи ҷангии тоҷик ҳамакнун бо шаш ҳазор нирӯ дар шимоли Афғонистон мустақар ва мунтазири дарёфти дастур аз созмонҳои истихборотии ғарбӣ барои вуруд ба Бадахшони Тоҷикистон аст.

Ҳамчунин бинобар иддаои ин марказ, амрикоиҳо бо намояндагони Толибон вориди музокира шудаанд, то роҳро барои убури ҷангиёни ДИИШ таҳти фармондеҳии Ҳалимов боз кунанд.

Гуфта мешавад, ҳайати музокиракунандаи Толибон муташаккил аз панҷ фармондеҳи ин гурӯҳ аст, ки соли 2014 аз зиндони Гуантанамои Амрико озода шуда ва роҳии Қатар шуданд.

Ин афрод баъдан иҷоза ёфтанд, то дафтари Толибонро дар Қатар таъсис диҳанд ва акнун омодаи маъмурияти ҷадидӣ шудаанд.

Маркази таҳлилии Бунёди фарҳангҳои стратегӣ дар Русия дар гузориши худ ба дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мабни бар тақвияти қудрати кишвар дар вилояти Бадахшон ишора карда ва онро бедалел надонистааст.