Захмӣ шудани ду муҳоҷири тоҷик дар оташсӯзӣ дар Русия
Ноябр 09, 2018 17:13 Asia/Dushanbe
Бар асари оташсӯзӣ дар як таъмиргоҳи мошиҳо дар шаҳраки Мурино дар наздикии шаҳри Санкт-Петербург ду муҳоҷири кории тоҷик захмӣ шуданд.
Ба гузориши хабаргузории РИА-Новостӣ, ҳоли ин ду муҳоҷири кории тоҷикистонӣ, ки ба бемористони ноҳия Токсова интиқол дода шудаанд, вазнин гузориш шудааст
Комиссияи таҳқиқоти Русия эълом карда аст, ки баъд аз хомуш кардани оташсӯзӣ дар табақаи севуми сохтмон аз зери вайронаҳо ҷасади 5 нафар пайдо шуда, ки ҳувияти онҳо то кунун шиносоӣ нашудааст.
Сабаби вуқӯи ин ҳодиса низ ҳанӯз мушаххас нест.