Ноябр 10, 2018 11:16 Asia/Dushanbe
  • Чаро дар ҳодисаи зиндони Хуҷанд барои ҳалли ин мавзуъ музокира нашуд?

Мақомоти расмии Тоҷикистон дар бораи ҳодисаи шӯриш ва саркӯби хунини иқдоми зиндониёни зиндони Хуҷанд дар шаби 7 –уми ноябр, ки сабаби кушта шудани 27 нафар ва захмӣ шудани наздик ба 100 тан шуд, тавзеҳе надодаанд.

Ба гузориши “Азия плюс”, пурсиши умда ин аст, ки ба чӣ далел мақомоти зиндони Хуҷанд ҳеҷ талоше барои поён додан ба ин шӯриш аз роҳи музокира бо зиндониён, ки як таҷрибаи пазируфташуда дар кишварҳои ҷаҳон аст, накарданд.

 Хонум Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси тоҷик дар посух ба ин пурсиш гуфтааст, ки саркӯби хунини шӯриши зиндониён дар Хуҷанд маҳорати ҳирфаии нерӯҳои амниятӣ ва интизомиро зери суол мебарад. Зеро теъдоди талафоти ин ҳодиса хеле боло аст ва ин воқеият нишон медиҳад, ки нерӯҳои вижаи амниятӣ ва интизомӣ, ки омӯзишҳои ҳирфаӣ дидаанд, дар саркӯби шӯриш дар зиндони Хуҷанд ғайриҳирфаӣ амал кардаанд.

Вай муътақид аст, ки замоне дар Тоҷикистон мудирияти зиндонҳо аз Вазорати умури дохилаи ин кишвар ба Вазорати адлия вогузор шуд, интизор мерафт, ки бархурдҳои хашин, шиканҷа ва бадрафторӣ бо зиндониён тағйир хоҳад кард, аммо имрӯз мо шоҳиди ин воқеият ҳастем, ки вазъ бартар шудааст.

Хонум Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, ки барои нигаҳдории ҳар зиндонӣ дар Тоҷикистон дар як шабонарӯз 10 сомонӣ ҳазина мешавад.

-Барои дарки ин шароит кофӣ аст шумо рӯзи пазириши маводи ғизоии зиндониён, ки волидайн ва наздикони онон ба зиндони шумораи 1-и шаҳри Душанбе меоваранд, нигоҳ кунед. Ҷолиб аст, ки бидонед, ки наздикони зиндониён барои расонидани маводи ғизоӣ ба онон бояд ба маъмурон ришва диҳанд.  

Аз сӯйи дигар, Шокирҷон Ҳакимов, коршиноси масоили ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин кишвар мавориди шиканҷа ва бадрафторӣ бо зиндониён ба далели баста будани фазои иттилоърасонӣ ба нудрат дар расонаҳои хабарӣ мунъакис мешавад.

Ба гуфтаи вай, набуди назорат ва дастрасии аҳзоб, созмонҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ ба боздоштгоҳҳо ва зиндонҳо боис мешавад, ки мавориди шиканҷа, қатл ва худкушии ин афрод аз диди мардум пинҳон бимонад.