Муаммои нафту гази Тоҷикистон ё набуди тамоюл барои истихроҷи ин манобеъ!?
Дар ҳоле, ки ширкатҳои нафтии хориҷӣ мизони ҳангуфти молиёт ва ҳозир набудани Ҳукумати Тоҷикистон барои эътои тасҳилот (додани сабукӣ) ба ононро яке аз далелҳои идома надодани иктишоф ва истихроҷи нафту газ дар ин кишвар унвон мекунанд, як мақоми пешини давлати Душанбе тарафҳои хориҷиро ба надоштани тамоюл барои расидани ин кишвар ба истиқлоли энержӣ муттаҳам кард.
Ба гузориши сайти “ТОП Тҷ”, дар ҳоле ки ширкати русии “Газпром” ва “Тетис петролиум”-и англисӣ- канадаӣ эълом кардаанд, ки истихроҷи нафту газ дар Тоҷикистон аз нигоҳи иқтисодӣ басарфа нест, Набӣ Маликов, мудири пешини идораи нафту гази вобаста ба Вазорати энержии ин кишвар ин ширкатҳоро ба мухолифат бо истиқлоли энержии ин ҷумҳурӣ муттаҳам кардааст.
Вай муддаӣ аст, ки мудирон ва ширкатҳои русии “Газпром” ва “Тетис петролиум” –и англисӣ- канадаӣ намехоҳанд, ки Тоҷикистон дар таъмини ниёзҳои дохилии худ ба нафт худкифо шавад ва барои идома надодани кори иктишофи ин ду навъи сӯхт баҳонатарошӣ мекунанд.
Аз дидгоҳи вай, ширкати русии “Газпром” танҳо дар майдони гази Шоҳид Анбари ғарбӣ миллионҳо доллар ҳазина карда ва эълом карда, ки дар умқи 6 ҳазору 500 метрӣ ба газ нарасидааст.
Аммо мудири дафтари намояндагии ширкати русии “Газпром” эълом кардааст, ки ба далели боло будани мизони молиёт дар Тоҷикистон, фаъолият дар ин кишвар зиёни иқтисодӣ ба ҳамроҳ дорад.
Бар асоси тавофуқномаи ҳамкории Тоҷикистон бо ширкатҳои хориҷии нафтӣ, ки дар соли 2012 имзо шудааст, ин ширкатҳо бояд 30 дарсад аз тавлидоти худ ва ё муодили молии онро ба унвони молиёт ба Ҳукумати Тоҷикистон бипардозанд, ки барои ин ширкатҳо сарфаи иқтисодӣ надорад.
Қаблан ширкати фаронсавии “Тотал” дар додгоҳе дар Тоҷикистон ба пардохти беш аз 62 миллион сомонӣ ҷаримаи молиётӣ маҳкум шуд.
Ин дар ҳолест, ки ширкатҳои нафтии хориҷӣ барои иктишофи нафту газ дар Тоҷикистон 100 то 200 миллион доллар сармоягузорӣ кардаву ҳанӯз ба натиҷае нарсидаанд.
Тоҷикистон беш аз 95 дарсад аз ниёзи худ ба сӯхтро аз ҳисоби воридот таъмин мекунад.