Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар Берлин
(last modified Sun, 11 Nov 2018 05:10:44 GMT )
Ноябр 11, 2018 10:10 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар Берлин

Дар дидори сафири нави Тоҷикистон дар Берлин бо раиси комиссияи муштараки ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон ва намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати ин кишвар мавзӯи густариши равобити Душанбе ва Берлин мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба гузориши дафтари матбуоти Вазорати умури хорҷаи Тоҷикистон, дар дидори Соҳибназари Ғайртшоҳ бо Катрин Оллерс ва Клаус Тансбергер дар бораи омодагӣ барои нишасти комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Олмон, ки қарор аст дар соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шавад, баҳс ва табодули назар шуд.

Дар ин дидор бар зарурати ироаи тарҳҳои ҷадиди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар бахшҳои энержӣ, беҳдошту дармон ва омузишу парвариш бо ҷазби сармояи тарафи олмонӣ таъкид шуд.

Ду тараф баҳрабардорӣ аз неругоҳи барқи обии Мурғоб дар вилояти Бадахшони Тоҷикистонро намунаи муваффақи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон унвон карданд.

Неругоҳи барқи обии ноҳияи Мурғоб дар вилояти Бадахшон Тоҷикистон рӯзи 14 сентябри соли ҷорӣ ба ҳузури раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафири Олмон дар Душанбе ба баҳрабардорӣ расид, ки бо сармояи ҳафтмиллионевроии давлати Олмон сохта шудааст.

Ин неругоҳ бо зарфияти тавлиди 1500 киловат-соат барқ, заминаи таъмини барқи мавриди ниёзи сокинони ноҳияи Мурғоб дар вилояти Бадахшон ва наздикии марз бо кишвари Чинро, ки дар баландии 3600-метрӣ аз сатҳи баҳр қарор дорад ва баландтарин ноҳияи Тоҷикистон маҳсуб мешавад, фароҳам кард.

Неругоҳи барқи обии ноҳияи Мурғоб аз назари таъсис дар манотиқи баланд, нахустин дар Тоҷикистон ва дувумин дар ҷаҳон аст.