Ҳавои Тоҷикистон барои бардошти пахта номусоид аст
Коршиноси Пажӯҳишгоҳи зироати вобаста ба Фарҳангистони улуми Тоҷикистон сабаби аслии бардошт нашудани пахтаро дар ин кишвар вазъи номусоиди ҳаво эълом кард.
Ба гузориши хабаргузории давлатии Ховар, Тура Яҳёев гуфтааст, ки то оғози даҳаи дувуми моҳи ноябр наздик ба 240 ҳазор тон пахта аз киштзорҳои ин кишвар бардошт шуда, ки баробар бо 63 дарсад аз барномаи пешбинишуда аст.
Дар давраи мушобеҳи соли қабл низ аз дар Тоҷикистон 270 ҳазор тон пахта бардошт шуда буд, ки баробар бо 83 дарсад аз барномаи давлатӣ буд.
Коршиноси Пажӯҳишгоҳи зироати вобаста ба Фарҳангистони улуми Тоҷикистон мегӯяд: Вазъи ҳаво дар баҳори имсол ва акнун дар фасл тирамоҳ низ ба шиддат тағйир карда ва ҳамроҳ бо борон ва сардии бесобиқа сабаби кунд шудани раванди бардошти пахта мешавад.
Вай ба мавқеъ нарсидани нуриҳои минералӣ дар баҳор ва тобистон ва сардии зудрасро аз сабабҳои аслии бардошт нашудани пахта медонад.
Пахта пас аз алюминий дувумин маҳсули муҳими содиротии Тоҷикистон ба ҳисоб меояд, ки бахши асосии он ба хориҷ содир мешавад
Дар солҳои охир ба далелҳои мухталиф иҷрои барномаи давлатии бардошти пахта дар Тоҷикистон бо мушкил рӯбарӯ шудааст.
Дар соли 2016 бинобар эъломи мақомоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон бардошти ин маҳсули муҳими содиротӣ ба 312 ҳазор тон расид, ки баробар бо 90 дарсади барномаи пешбинишудаи давлатӣ буд.