Роҳандозии парвози мустақим миёни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон
(last modified Tue, 13 Nov 2018 06:31:33 GMT )
Ноябр 13, 2018 11:31 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии парвози мустақим миёни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон

То камтар аз як моҳи дигар парвози мустақими ҳавопаймоҳо миёни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон роҳандозӣ хоҳад шуд.

Ба гузориши сомонаи интернетии Кумитаи ҳавопаймоии кишварии Қазоқистон, қарор аст аз рӯзи 14 декабри 2018 нахустин парвози мустақими ҳавопаймоӣ миёни шаҳрҳои Остона ва Душанбе анҷом шавад.

Бар пояи ин хабар барномарезиҳо барои роҳандозии парвози мустақими ҳавопаймоӣ миёни пойтахтҳои ин ду кишвари Осиёи Марказӣ бо мусоидати ширкати ҳавопаймоии "Скот"-и ҷумҳурии Қазоқистон ва дар чорчуби фаъолияти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ–тиҷории Тоҷикистон ва Қазоқистон сурат гирифтааст.

Парвозҳо дар масири Душанбе-Остона ҳафтае ду бор дар рӯзҳои якшанбе ва ҷумъа доир шуда ва қимати билет барои ҳар мусофир 124 доллар хоҳад буд.

Пеш аз ин, парвози миён ду пойтахт аз тариқи шаҳри Алмаато пойтахти пешини Қазоқистон ва тавассути ширкатҳои Тоҷик Эйр ва Остона Эйр анҷом мешуд.

Муносиботи Тоҷикистон бо Қазоқистон бар хилофи муносибот бо дигар кишварҳои истиқлолёфта аз Шӯравӣ дар Осиёи Марказӣ ҳамвора хуб будааст.