Ноябр 14, 2018 13:56 Asia/Dushanbe
  • Нахустин эъломи мавзеъи ҳукумати Тоҷикистон дар бораи шуриши зиндони Хуҷанд

Пас аз гузашти ҳафт рӯз аз шуриши зиндони Хуҷанд, саранҷом Кумитаи дин ва танзими ҷашн ва маросими Тоҷикистон дар бораи ин ҳодиса изҳори назар кард.

Ба нақл аз вебгоҳи Кумитаи дин ва танзими ҷашн ва маросими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузорише ба қалами Парвиз Мирзо бо унвони "Темур Варқӣ ҷинояткоронро ҳимоят мекунад" эълом кард: дар ин ошуб шумораи зиёде аз маҳбусон якбора мусаллаҳ шуданд ва иқдом ба ҳамла карданд; онҳо мехостанд аз зиндон фирор кунанд.

Бар асоси ин гузориш, бо вуҷуди вақти андак иқдомоти лозим аз сӯи маъмурони зиндон анҷом шуд, дар ғайри ин сурат зиндониёни мусаллаҳ фирор мекарданд ва ин ба амнияти кишвар халал ворид мекард.

Кумитаи дин ва танзими ҷашн ва маросими Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин истифода аз неруҳои ОМОН ва Алфа барои саркуби ошубро таъид кардааст.

Муъаллифи ин гузориш таъкид кардааст: ин амалиёт ба ҳеҷ ваҷ зидди инсонӣ набуд, чун афроде ки дар ин зиндон буданд афроди оди не балки зиндониёне хатарнок ба ҳисоб меоянд, ки ҳар ҷинояте аз онҳо бармеомад.

Дар ин гузориш бо ишора ба мақолае аз Темур Варқӣ мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки дар Аврупо зиндагӣ мекунад омадааст: Темур Варқӣ дар мақолааш шуриши зиндони Хуҷандро чунон инъикос дода, ки гуё онро бо чашми худ дида ва маълум аст ки аз ин ҳодиса хурсанд аст ва чибасо ки дар баробари ин мақола аз Кабирӣ подош бигирад.

Дар пайи ба вуҷуд омадани ошуб дар зиндони шумораи 3 Хуҷанд дар шаби ҳафтуми ноябр шумораи зиёде кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шуданд.

Гуруҳи террористии ДИИШ масъулияти ин ҳодисаро бар уҳда гирифтааст.