Аҳамияти ҳузури вазири манобеи оби Ӯзбакистон дар маросими 16 ноябр
Корманди аршади Пажӯҳишгоҳи масоили роҳбурдии Русия муътақид аст, ки ҳузури вазири манобеи оби Ӯзбакистон дар маросими баҳрабардорӣ аз нахустин турбинаи нерӯгоҳи обии “Роғун” дар Тоҷикистон аломати муҳиме дар роҳи беҳбуди равобити ин ду кишвар аст.
Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Дмитрий Попов гуфтааст, ки ширкати Шавкат Ҳамроев, вазири манобеи оби Ӯзбакистон дар маросими баҳрабардорӣ аз нахустин турбинаи нерӯгоҳи обии “Роғун” дар рӯзи 16 ноябр рӯйдоди муҳиме дар равобити Душанбе ва Тошканд мебошад, ки ду соли қабл ғайриқобили тасаввур буд.
Попов гуфт, Ислом Каримов, раисҷумҳури пешини Ӯзбакистон аз мухолифони сарсахти сохти ин нерӯгоҳ ба ҳисоб меомад ва ҳатто дар соли 2012 таҳдид ҳам карда буд, ки то зинда ҳаст нахоҳад гузошт ин тарҳи энержии Тоҷикистон ба баҳрабардорӣ бирасад. Аммо имрӯз мо шоҳиди ин воқеият ҳастем, ки раҳбари ҷадиди Ӯзбакистон на танҳо мухолифи баҳрабардорӣ аз нахустин турбинаи нерӯгоҳи обии “Роғун” нест, балки умедвор аст, ки кишвараш аз барқи ин нерӯгоҳ истифода хоҳад кард.
Мақомоти Тоҷикистон эълом кардаанд, ки рӯзи 16 ноябр аз нахустин турбинаи нерӯгоҳи обии “Роғун”, ки сохти он аз соли 1976 оғоз шудааст, баҳрабардорӣ хоҳад шуд.
Ин маросимро беш аз 100 хабарнигори дохилӣ ва хориҷӣ пӯшиш хоҳанд дод ва чандин меҳмони хориҷӣ дар он ҳузур хоҳанд ёфт.