Ноябр 17, 2018 11:45 Asia/Dushanbe
  • Як миллиарду 700 миллион доллар тарози манфии муомилоти тиҷорати хориҷии Тоҷикистон

Ожонси давлатии омори Тоҷикистон эълом кард, ки мизони тиҷорати хориҷии ин кишвар тайи 10 моҳи соли ҷорӣ ба 3 миллиарду 500 миллион доллар расидааст, ки 1 миллиарду 700 миллион доллар ба нафъи воридот мебошад.

Ба гузориши сомонаи Ожонси давлатии омори Тоҷикистон, ин шохис дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 263 миллион доллар бештар шуда ва танҳо тайи як моҳи ахир тарози манфӣ ба нафъи воридот 176 миллион доллар афзоишро нишон медиҳад.

Ҳаҷми умумии содироти Тоҷикистон тайи 10 моҳи соли ҷорӣ 903 миллион доллар эълом шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 10 дарсад коҳиш ёфтааст.

Бештари коҳиши содироти Тоҷикистон ба сангҳои гаронбаҳо ва металҳое  бармегардад, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 212 миллион долларро ташкил мекунад.

Ҳамчунин саҳми алюминиюм дар содироти Тоҷикистон 22 дарсад, маҳсулоти саноатии бофандагӣ 20 дарсад, нахи пахта наздик ба 15 дарсадро ба худ ихтисос додааст.

Аммо дар воридоти Тоҷикистон, ки маблағи умумии он 2 миллиарду 588 миллион доллар эълом шудааст , саҳми маҳсулот ва филизот 124 миллион доллар, таҷҳизот ва дастгоҳҳои мухталифи саноатӣ 113 миллион доллар, васоили нақлия 95 миллион доллар, маводи хоми саноатӣ 83 миллион доллар ва маводи ғизоӣ 16 миллион долларро ташкил медиҳад.

Тайи 10 моҳи соли ҷорӣ Русия бо 845 миллион доллар ҳаҷми тиҷорати хориҷӣ бо Тоҷикистон муҳимтарин шарики ин кишвар боқӣ мондааст.

Қазоқистон бо 690 миллион доллар дар радифи дувум, Чин бо 531 миллион доллар, Туркия бо 328 миллион доллар ва Ӯзбакистон бо 239 миллион доллар дар ҷойгоҳҳои баъдӣ қарор гирифтаанд.