Ноябр 17, 2018 12:42 Asia/Dushanbe
  • Нақши нерӯгоҳи “Роғун” дар рушди иқтисодӣ ва таъмини амнияти ҳавзаи рӯди Омӯ

Муовини раиси Бонки Ҷаҳонӣ дар умури кишварҳои аврупоӣ ва Осиёи Марказӣ муътақид аст, ки нерӯгоҳи обии барқи “Роғун” нақши муҳиме дар рушди иқтисодӣ ва таъмини амнияти ҳавзаи рӯди Омӯ ифо хоҳад кард.

Ба гузориши сомонаи Бонки Ҷаҳонӣ, Сирил Мюллер тайи суханоне дар маросими баҳрабардорӣ аз турбинаи нахусти нерӯгоҳи обии “Роғун” гуфт, ки беҳбуди равобити Тоҷикистон ва Ӯзбакистон умедворкунанда аст ва нерӯгоҳи обии “Роғун” муҷиби рушди иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ ва таъмини амнияти кишварҳои ҳавзаи рӯди Омӯ хоҳад шуд.

Аз он ҷое ки Бонки Ҷаҳонӣ дар соли 2012 бо анҷоми ташхиси фаннӣ ва паёмадҳои зистмуҳитии нерӯгоҳи обии “Роғун”, идомаи сохти ин тарҳи муҳими энержии Тоҷикистонро муҷоз донист, имрӯз нахустин турбинаи он тавлиди барқро оғоз кард.

Такмили сохти нерӯгоҳи обии “Роғун” боиси корофаринӣ дар Тоҷикистон ва содироти барқи он ба кишварҳои минтақа хоҳад шуд, ки ба нафъи мардумони Осиёи Марказӣ мебошад.

Муовини раиси Бонки Ҷаҳонӣ бо ишора ба беҳбуди равобити Тоҷикистон ва Ӯзбакистон тайи ду соли ахир низ гуфт, ки солҳои қабл мавозеи давлати вақти Тошканд дар қиболи идомаи сохти нерӯгоҳи “Роғун” манфӣ буд, ки акнун ин ду кишвари ҳамсоя даври ҷадиде аз муносиботи худро бар асоси ҳамкорӣ ва ҳусни нияти дӯстона оғоз кардаанд.

Вай афзуд, боиси хушҳолӣ аст, ки шаҳрвандони ин ду кишвар бидуни раводид ба Тоҷикистон ва Ӯзбакистон сафар мекунанд ва муомилоти тиҷории Душанбе ва Тошканд низ рӯ ба рушд аст.

Вай таъкид кард, ки Бонки Ҷаҳонӣ дар рушди бахши энержии Тоҷикистон 415 миллион доллар сармоягузорӣ карда ва дар оянда низ аз тарҳҳои ин кишвар дар заминаи беҳбуди таъмини барқи мардум ҳимоят хоҳад кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ аз Сирил Мюллер барои ҳимоятҳои Бонки Ҷаҳонӣ дар идомаи такмили сохти нерӯгоҳи обии “Роғун” ташаккур кард.