Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қатар
Ноябр 17, 2018 17:46 Asia/Dushanbe
Қатар пас аз ду рӯз мизбони намоишгоҳи рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон мешавад.
Ба гузориши хабаргузории Форс, рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қатар аз 19 то 23 ноябр бо барпоии намоишгоҳҳои саноати дастӣ, либос, акс ва иҷрои барномаҳои ҳунарӣ ва мусиқӣ баргузор хоҳад шуд.
Дар ин барнома ҳайати расмии Тоҷикистон ба раёсати Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги ин кишвар, ҳузур хоҳад ёфт.
Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар ин дидор бо мақомоти расмии Қатар дидор хоҳад кард.