Ноябр 18, 2018 12:43 Asia/Dushanbe
  • Роғуншоҳ ба номаш ифтихор мекунад

Кудаки 9 солаи тоҷик, ки бобояш ҳангоми тавллуд ӯро ба майманати сохти неругоҳи Роғун "Роғуншоҳ" номидааст ба номи худ ифтихор мекунад.

Ба  нақл аз манобеъи тоҷикӣ, Муҳаббатхон Бобохонова модаркалони Роғуншоҳ мегуяд: наберааш дар моҳи декабри соли 2009 дар авҷи даъватҳо барои сохти неругоҳи Роғун бо неруи дохилӣ ва фуруши саҳмияҳои ин неругоҳ ба дунё омадааст ва ӯро бо пешниҳоди бобояш "Роғуншоҳ" номидаанд.

Ӯ гуфт: Он замон ба номи набераашон 5 ҳазор сомонӣ саҳмияи неругоҳи Роғунро низ хариданд; ба умеде, ки рӯзе Роғун сохта шавад ва Роғуншоҳ дар ин неругоҳ ба ҳайси энергетик кор кунад.

Муҳаббатхон Бобохонова мегуяд вақте бобойи Роғушоҳ ин номро барои ӯ гузошт бисёриҳо иллати ин номгузориро намефаҳмиданд, аммо ҳоло набераи у ба ин ном ифтихор мекунад.

Модаркалони Роғуншоҳ, ки ҳамсарашро се соли пеш аз даст додааст мегуяд: ӯ орзу дошт Роғуншоҳ бо Саҳмиябону духтаре аз ноҳияи Ёвон васлат кунад.

Саҳмиябону духтаре ёвонӣ аст, ки таваллудаш бо фуруши саҳмияҳои Роғун дар соли 2010 дар ноҳияи Ёвон ҳамзамон шуда буд ва падару модараш номи ӯро ба ҳамин муносибат Саҳмиябону гузоштанд.

Баротъалӣ Юсупов раиси вақти ноҳияи Ёвон низ ба хотири ин ном 5 ҳазор сомонии саҳмияи Роғунро ба ӯ эҳдо кард.

Модаркалони Роғуншоҳ мегуяд, ки наберааш бар хилофи хостаи бобо ва модаркалонаш орзу дорад мисли падар ва амакҳояш як шахси низомӣ шавад.