Ноябр 19, 2018 10:28 Asia/Dushanbe
  • Таъмини сармоя бо фурӯши ҳарчи бештари барқи “Роғун” ба хориҷ

Муовини мудири Маркази пажуҳишҳои байналмилалии вобаста ба Мактаби олии иқтисодии Русия муътақид аст, барои такмили сохти нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар Тоҷикистон пас аз баҳрабардорӣ аз нахустин турбинаи он акнун бояд дар фикри фурӯши барқи бештар ба хориҷ буд, то манобеи молии мавриди ниёзи ин тарҳи муҳими энержӣ фароҳам шавад.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Анастасия Лихачёва бо ишора ба вуруди барқи нахустин трубинаи нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар Тоҷикистон ба шабакаи барқи саросарии ин кишвар гуфтааст, ки барои идомаи раванди такмили сохти ин нерӯгоҳ яке аз роҳҳои ҷазби манобеи молӣ фурӯши ҳарчи бештари барқ ба хориҷ аз кишвар аст. Ӯ таъкид кардааст, ки агар Тоҷикистон муваффақ шавад, муштариёни бештаре барои барқи худ дар хориҷ биёбад, заминаи идомаи такмили сохти марҳаллаии ин нерӯгоҳ аз ҳисоби манобеи молии ҳосил аз фурӯши барқи он фароҳам хоҳад шуд. Бо ин роҳ Ҳукумати Тоҷикистон метавонад тайи чанд соли оянда дар заминаи ҷазби манобеи молии ҳосила аз фурӯши барқи “Роғун” ба тадриҷ дар идомаи такмили сохти ин тарҳи муҳими энержии хеш ба худкифоӣ бирасад.

Тайи маросиме дар рӯзи 16 ноябри соли ҷорӣ нахустин трубинаи нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба баҳрабардорӣ расид, ки рӯйдоди муҳиме дар таърихи беш аз 40 соли сохти ин нерӯгоҳ ба ҳисоб меояд. Нерӯгоҳи “Роғун” бо садди хокии 335-метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловатт/соат барқ дар сол бузургтарин тарҳи барқи обӣ дар минтақа ба ҳисоб меояд. Дар сурати баҳрабардорӣ аз 6 трубинаи нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ҳар яке бо зарфияти тавлиди 600 мегаватт барқ дар сол Тоҷикистон на танҳо аз буҳрони камбуди барқ хориҷ мешавад, балки тавони афзоиши содироти барқ ба хориҷро низ хоҳад дошт.