Дархости зиндони абад барои муттаҳами аслии ҳамла ба гардишгарони хориҷӣ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i39586-Дархости_зиндони_абад_барои_муттаҳами_аслии_ҳамла_ба_гардишгарони_хориҷӣ_дар_Тоҷикистон
Намояндаи Додситони кули Тоҷикистон аз Додгоҳи олии ин кишвар барои саркардаи гурӯҳи ҳамлагар ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ дар ноҳияи Данғара, зиндони абад дархост кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 19, 2018 19:36 Asia/Dushanbe
  • Дархости зиндони абад барои муттаҳами аслии ҳамла ба гардишгарони хориҷӣ дар Тоҷикистон

Намояндаи Додситони кули Тоҷикистон аз Додгоҳи олии ин кишвар барои саркардаи гурӯҳи ҳамлагар ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ дар ноҳияи Данғара, зиндони абад дархост кард.

Ба гузориши хабаргузории Тоҷик ТА, дар ҷаласаи додгоҳ, ки пушти дарҳои баста дар бинои Боздоштгоҳи ё СИЗО-и рақами яки шаҳри Душанбе бо ҳузури муттаҳамон ва вакилони мудофеи онон баргузор мешавад, намояндаи Додситони кулли ин кишвар барои Ҳусейн Абдусамадов маҳкӯмият ба зиндони абадро дархост кардааст.

Иттиҳоми вай, фаъолият дар таркиби гурӯҳи терроистии ДИИШ, ҷазби нерӯ ба сафҳои ин созмон, мушорикат дар даргириҳои низомӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон, қатли ваҳшиёнаи афрод ва ду маврид террор эълом шудааст.

Гуфта мешавад, ки Абдусамадов мушорикат дар куштори чаҳор гардишгари ду чархасавори хориҷиро дар рӯзи 29 июли имсол дар ноҳияи Данғара пазируфта, аммо ибрози пушамонӣ накардааст.

Вай қаблан гуфта буд, ки ин корро барои интиқом аз кишварҳои хориҷӣ, ки алайҳи гурӯҳи ДИИШ дар Сурия ва Ироқ вориди ҷанг шудаанд, анҷом додааст.  

Ҳусейн Абдусамадов, саркарда ва танҳо фарди зинда боздошт шуда аз гурӯҳи ҳамлагарон ба гардишгарони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара аст.  

Бақияи аъзои гурӯҳи ҳамлагарон дар амалиёти нерӯҳои давлатӣ кушта шуданд.  

Пеш аз ин Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон аз боздошти 17 нафари дигар дар иртибот бо ҳамла ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ хабар дода буд, аммо иттиҳоми ин афрод, иттилоъ доштан аз ҳамла ва огоҳ накардани мақомоти амниятӣ унвон шудааст .

Дар ҳодисаи ҳамла ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ дар ноҳияи Данғара, ки рӯзи 29 июли 2018 рух дод, чаҳор гардишгар аз кишварҳои Амрико, Нидерландия ва Швейтсария кушта шуданд.

Гурӯҳи террористии ДИИШ масъӯляти ин ҳамлаи маргборро бар ӯҳда гирифт.