Ноябр 20, 2018 13:57 Asia/Dushanbe
  • Аз бемористон ба зиндон, сарнавишти зиндонбонони Хуҷанд

Дар пайи боздошти Файзуллоҷон Сафаров, риси зиндони шумораи 3-и шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон, шуморе аз зердастони ӯ низ боздошт шуданд.

Ба гузориши сомонаи Ахбор, 7 нафар аз зиндонбонони ин зиндон асри дирӯз пас аз рухсат шуданашон аз бемористоне дар шаҳри Хуҷанд, ки пас аз захмӣ шудан дар ҷараёни ошуби зиндон дармон гардиданд, тавассути неруҳои милиса боздошт шуданд.

Ба ин тартиб пасларзаҳои ошуби шаби 7 ба 8 ноябри зиндони дорои шароити сахти Хуҷанд ва саркӯби хунини ин ошуб аз сӯи неруҳои амниятӣ ҳамчунон идома дорад.

Пеш аз ин дар рӯзи 15 ноябр Файзуллоҷон Сафаров боздошт шуда ва бар асоси ҳукми рӯзи гузаштаи додгоҳи шаҳри Хуҷанд ҳадди ақал то 2 моҳ дар боздоштгоҳ маҳбус хоҳад буд.

Гуфта мешавад яке аз муҷримони аслии ошуби зиндони шумораи 3 маҳз Сафаров аст, ки ҳамвора бо зиндониён рафтори номуносиб дошта ва шаби ошуб ҳам натавонист авзоро контрол кунад.

Ёдовар мешавем дар ҳодисаи ошуби зиндони шумораи 3-и шаҳри Хуҷанд ҳудуди 50 нафар аз зиндониён ва зиндонбонон кушта ва беш аз 100 нафар захмӣ шуданд.

Агарчи гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ин ошубро бар уҳда гирифт, аммо мақомоти ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз расман дар бораи сабабҳо ва авомили аслии ин ҳодисаи даҳшатнок тавзеҳи равшане надодаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки гурӯҳи вижае ба манзури баррасии ошуби зиндони Хуҷанд таъсис дода шудааст.