Нигарониҳо аз бадрафторӣ дар неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон
Як вакили мудофеъ аз афзоиши бадрафториҳо ва хушунатҳо дар неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карда ва мӯътақид аст, вазъият дар ин замина бадтар аз он чӣ аст, ки дар оморҳои расмӣ зикр мешавад.
Ин матлабро хонум Дилбар Самадова, вакили мудофеъ ва мудири созмони "Маркази озодиҳои шаҳрвандӣ" ба сомонаи Фарғона эълом кардааст.
Ба гуфта ӯ дар ҳоли ҳозир дар ин созмон 18 парвандаи бадрафторӣ дар баробари сарбозон дар ҳоли баррасӣ аст, ки 11 мавриди он марбут ба куштор аст.
Дилбар Самадова меафзояд, тайи 4 соли охир беш аз 60 сарбоз аз сӯи афсарон ва кӯҳнасарбозон мавриди лату куб қарор гирифтаанд, ки 12 нафар аз онон ҷони худро аз даст додаанд.
Дар ҳамин иртибот 32 нафар боздошт шуданд, ки баъдан 12 нафари онҳо фирор карданд.
Ба гуфтаи хонум Самадова аксари қурбониёни ин хушунатҳо сарбозоне аз қишри поини ҷомеа ҳастанд, ки умдатан маҷбуран ба сафи артиш ҷалб шудаанд.
Аз сӯи дигар Азиз Иброҳим, муовини нахуствазир ва раиси комиссияи расидагӣ ба шикоятҳо дар заминаи ҷалби маҷбурии ҷавонон ба сафи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон эълом кардааст, ки тайи солҳои ахир 55 маъмури идораҳои ҷалби сарбозон ба далели ҷалби маҷбурӣ аз кор барканор шудаанд.