Баста шудани беш аз ҳазору 800 масҷид дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i39624-Баста_шудани_беш_аз_ҳазору_800_масҷид_дар_Тоҷикистон
Дар ду соли гузашта беш аз 1800 масҷид дар Тоҷикистон баста шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 21, 2018 09:37 Asia/Dushanbe
  • Баста шудани беш аз ҳазору 800 масҷид дар Тоҷикистон

Дар ду соли гузашта беш аз 1800 масҷид дар Тоҷикистон баста шудааст.

Ин оморро Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо нашрияи “Садои мардум”, чопи Душанбе ироа додааст.

Дар ҳамин ҳол, Абдураҳим Абдулҳасаниён, сардори Раёсати мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар Додситонии кулли Тоҷикистон низ бо баёни ин ки соли 1991 дар Тоҷикистон 113 масҷид вуҷуд дошта ва дар соли 2017 теъдоди он ба чаҳор ҳазор адад расидааст, гуфт, бархе афрод аз ин раванд сӯиистифода мекунанд.

Абдулҳасаниён муддаӣ аст, шуморе аз имомхатибон ё сарпарастони масоҷид ба таблиғи ақоиди бегона ва ифротӣ иқдом кардаанд, ки дар натиҷаи ин иқдомҳо ҳазору 807 масҷид таътил шудааст.

Шодӣ Ҳафиззода низ мегӯяд, бархе имомхатибон ба таблиғи афкори ҷараёнҳои ифротие амсоли “салафия” машғул буданд, ки 22 нафар аз онҳо дар ин иртибот боздошт шудаанд.