Ноябр 21, 2018 14:22 Asia/Dushanbe
  • Ҷон бохтани чаҳор нафар дар тасодуфи шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд- Чаноқ

Рӯзи 20 -уми ноябр бар асари бархурди ду мошини боркаш ва ду мошини сабукрав дар километри 185 –уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд - Чаноқ чаҳор нафар ҷон бохтанд ва чанд тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, ширкат IRS, масъули ҳифзу нигаҳдории ин шоҳроҳ ин хабарро эълом карда ва афзудааст, ки коркунони ин ширкат зуд ба маҳалли ҳодиса расида ва ба осебдидагон кумак карданд.

Бинобар иттилои шоҳидон, дар масири мухолиф ҳаракат кардани яке аз ронандаҳо иллати вуқӯи ҳодисаи мазкур будааст.

Дар ҳоли ҳозир таҳқиқоти сохторҳои зирабт дар бораи далоили дигари вуқӯи ҳодиса идома дорад.

Ҳамчунин кормандони ширкати мазкур ба бастагон ва наздикони ҷонбохтагон ҳамдардии амиқ баён дошта ва барояшон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонанд.

Ин дувумин тасодуфи пурқурбонӣ буд, ки рӯзи 20 ноябр дар шимоли Тоҷикистон рух дод.

Шабона дар роҳи Айнӣ - Панҷакент бар асари сарозер шудани як мошин ба дарае бо умқи 70 метр, се сокини рустои Баҳори Панҷакент ҷон бохтанд.

Дар ин ҳодиса як нафари дигар ҷароҳати сангин бардошта ва дар бахши эҳёи бемористон аст.