Ноябр 22, 2018 11:31 Asia/Dushanbe
  • Афви се шаҳрванди муттаҳам ба ифротигарӣ дар Тоҷикистон

Дафтари матбуотии идораи полиси шаҳри Душанбе аз афви ду сокини пойтахти Тоҷикистон ва як сокини ноҳияи Ҳисор хабар дод, ки ба иттиҳоми ифротигарӣ таҳти пайгарди қазоӣ қарор доштанд.

Ба гузориши дафтар матбуотии идораи полиси шаҳри Душанбе, ин се нафар ба иттиҳоми ифротигарӣ ва мушорикат дар даргириҳои низомӣ дар хориҷ таҳти пайгарди қазоии мақомоти амниятии Тоҷикистон қарор доштанд, аммо пас аз бозгашт ба кишварашон ва набуди шавоҳиду мадорик дар бораи узвияти онон дар гурӯҳҳои террористӣ мавриди афв қарор гирифтанд.

Назрӣ Маҳмудови 54 сола ва Бахтиёр Қосимови 49 сола, сокинони шаҳри Душанбе ва Олимҷон Ҷобиров, сокини 34 солаи ноҳияи Ҳисор, ки ахиран бо мусоидати бастагони хеш аз хориҷ ба Тоҷикистон бозгаштаанд, аз солҳои 2016 ва 2017 дар пайгарди қазоӣ буданд.

Гуфта мешавад, ки бо мусоидати идораи полиси шаҳри Душанбе дар 9 моҳи имсол, 10 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба иттиҳоми ифротигарӣ ва узвият дар таркиби гурӯҳҳои террористӣ таҳти пайгарди қазоӣ буданд, довталабона ба кишварашон бозгашта ва мавриди афв қарор гирифтаанд.

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл Мансурҷон Умаров, муовини Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар нишасти Маҷлиси намояндагони ин кишвар эълом кард, бо оғози ҷанг дар Сурия ва Ироқ дар сафи гурӯҳи террористии ДИИШ 1899 шаҳрванди тоҷик ҳузур доштанд.