Ноябр 25, 2018 18:14 Asia/Dushanbe
  • Паёми Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами миллӣ

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёме бо табрики Рӯзи Парчами миллӣ, парчами Тоҷикистонро намоди рӯҳи ниёгони некном, далерӣ ва митонат ва орзуҳои мардуми ин кишвар донист.

Ба гузориши хабаргузории Ховар, Эмомалӣ Раҳмон дар ин паём бо ишора ба ҳамзамонии Рӯзи Парчам бо айёми баҳрабардорӣ аз неругоҳи Роғун афзудааст: Сокинони заҳматкаши Тоҷикистон ба ин дастоварди бузург таҳти парчами давлати соҳибистиқлоламон ноил шуданд ва ин бинои бузургро бо дарки баланд аз масъулияти ватандорӣ ва умед ба фардои обод ва пешрафтаи ватани азизамон сохтанд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон парчамро дар радифи нишони давлатӣ ва суруди миллӣ, сарвати муқаддаси маънавии ҷомеаи тоҷик дониста ва таъкид кардааст: Эҳтиром ба парчами давлатӣ, эҳсоси муҳаббат ва садоқати ҳар шаҳрванди Тоҷикистон нисбат ба давлатдории милли будааст ва миллати тоҷик аз замонҳои қадим то даврони нав ба суннати парчамдорӣ арҷ мегузорад ва ин амалро беҳтарин нишонаи ҳувияти миллӣ ва номуси ватандорӣ мешуморад.

Дар ин паём тасреҳ шудааст: Мо бояд парчами давлатиро мисли аҷдоди худ ба унвони рамзи ҷовдонии давлатдории миллӣ ҳифз кунем, рӯҳ ва ҷони худро ба он пайванд созем ва дар ҳамаи ҳол барои ҳифзи манофеи давлат ва миллати хеш таҳти ин ливои зафар гарди ҳам оем.