Вокуниши масъулон ба шикояти як мусофир
Масъулони хадамоти автобусронии шаҳри Душанбе ба шикояти як сокини пойтахти Тоҷикистон расидагӣ карданд.
Ба гузориши Спутник, масъулони “Душанбенақлиётхадамотрасон” дар посух ба шикояти Миҷгона Ҳалимова аз ронандаи яке аз автобусҳои шаҳри Душанбе эълом кардаанд, ки ин шикоятро баррасӣ ва натиҷаашро ба зудӣ эълом мекунанд.
Миҷгона Ҳалимова дар вокуниш ба ин хабар гуфтааст, ки мушкилот бояд гуфта шавад, то масъулон дар пайи ислоҳи он бошанд.
Миҷгона Ҳалимова сокини шаҳри Душанбе қаблан дар сафҳаи Файсбуки худ аксҳоеро гузошта ва муддаӣ шуда буд, ки ронандаи автобуси хатти 43 ба баҳонаи тамом шудани сӯхт мусофиронро дар нимароҳ раҳо карда ва баргаштааст.
Иддае аз корбарони интернет ҳам зимни изҳори нигаронӣ, зери матлаби вай навиштаанд, ки баъзе аз ронандагони автобуси шаҳрӣ ба баҳонаи тамом шудани сӯхт мусофиронеро, ки теъдодшон кам аст, то охири хат намерасонанд ва аз нимаи роҳ бармегарданд, то дар маркази шаҳр мусофири бештаре савор кунанд ва даромади бисёртаре ба даст оранд.
Дар ҳамин ҳол агарчи ронандаи автобуси хатти 43 сабаби пиёда кардани мусофиронро камбуди сӯхт ва кӯҳна будани мотори автобус унвон кардааст, аммо мусофирон ин тавзеҳро баҳонае беасос медонанд.
Мусофирон аз масъулон дархост карда буданд, ки ба ин мушкил расидагӣ шавад.