Ноябр 25, 2018 19:56 Asia/Dushanbe
  • Таъйини сарнавишти Тоҷиксодиротбонк ва Агроинвестбонк то поёни имсол

Раиси Бонки Милли Тоҷикистон гуфтааст, ки то поёни имсол сарнавишти ду бонки буҳронзадаи Тоҷиксодиротбонк ва Агроинвестбонк мушаххас хоҳад шуд.

Ба гузориши сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар нишасти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз фаъолияти коргурӯҳи вижае барои тасмимгирӣ дар мавриди сарнавишти ду бонки буҳронзадаи Тоҷиксодиротбонк ва Агроинвестбонк хабар додааст.

Вай дар посух ба пурсиши намояндагон дар бораи шикояти муштариёни ин ду бонк аз пардохт нашудани талабҳояшон гуфтааст, ки мӯҳлати сесолаи ҳукумати Тоҷикистон ба ду бонки буҳронзадаи Тоҷиксодиротбонк ва Агроинвестбонк охири имсол ба поён мерасад ва дар мавриди ояндаи ин ду ниҳоди молӣ тасмимгирӣ хоҳад шуд.

Нурмуҳаммадзода афзуд: Бар асоси дастури ҳукумати Тоҷикистон ин ду бонк бояд дар ин се сол бо пардохти талаби муштариён, қарзи давлатро низ бармегардонданд, ки ин иттифоқ наафтод.

Ба гуфтаи раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, дар соли 2017 ҳукумат барои наҷоти Тоҷиксодиротбонк ва аз варшикастагӣ ду миллиарду 250 миллион сомонӣ ва барои Агроинвестбонк як миллиарду 70 миллион сомонӣ кумаки молӣ ихтисос дод, ки сабаби беҳбуди авзои ин ду ниҳоди молӣ нашуд.

Ин дар ҳоле аст, ки чанде қабл ҳайати эъзомии Сандуқи байналмилалии пул дар музокира бо мақомоти иқтисодии Тоҷикистон пешниҳод кард, ки ҳукумат Тоҷиксодиротбонк ва Агроинвестбонкро варшикаст эълом кунад ва ба фикри лағви муҷаввизи фаъолияти ин ду ниҳод молӣ ва низ ислоҳот дар низоми бонкии кишвар бошад.

Падамҷа Ханделвал, мудири дафтари Сандуқи байналмилалии пул дар ин музокирот аз тарафи тоҷикистонӣ хостааст, пули муштариёнро пардохт кунад.

Дар пайи бурузи буҳрон дар низоми бонкии Тоҷикистон дар соли 2015 ва нотавонии бонкҳо дар бозпардохти талаби муштариён, ду бонки Тоҷпромбонк ва Фононбонк лағви муҷаввиз ва ду бонки Тоҷиксодиротбонк ва Агроинвестбонк низ бо мушкили мушобеҳ рӯбарӯ шуданд.

Тоҷикистон аз соли 2012 бо Сандуқи байналмилалии пул дар заминаи дарёфти 500 миллион доллар аз ин ниҳоди молӣ дар ҳоли музокира аст, ки ба иллати ихтилофи назари ду тараф, ҳанӯз ҳам ниҳоӣ нашудааст.