Ноябр 26, 2018 09:55 Asia/Dushanbe
  • Пушаймонӣ ва бозгашти 163 тоҷики узви ДИИШ ба Тоҷикистон

Мушовири аршади вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст, ки 163 узви гурӯҳи террористии ДИИШ ва дигар созмонҳои ифротӣ бо ибрози пушаймонӣ ба ин кишвар бозгашта ва афв шудаанд.

Ба гузориши сойти “TopTJ”, Қудратуллоҳ Ғуломов эълом кардааст, ки ин афрод аз аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ ва созмонҳои ифротии салафия, “Ансоруллоҳ” ва “Гурӯҳи-24” будаанд.

Ба гуфтаи мушовири аршади вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, дар 9 моҳи нахусти имсол 68 нафар аз ҷавонони тоҷик, ки дар марокизи омӯзишии кишварҳои исломӣ ба таври ғайримуҷоз таҳсил мекарданд, ба кишварашон бозгардонда шуданд. Ғуломов афзуд, аммо ҳанӯз ҳам 289 нафар аз ҷавонони тоҷик, ки дар марокизи омӯзишии кишварҳои исломӣ ба таври ғайримуҷоз машғули таҳсил ҳастанд, аз бозгашт ба кишвар худдорӣ мекунанд. Қудраталлоҳ Ғуломов муътақид аст, ки барқарории тамос бо шаҳрвандони Тоҷикистони узви ДИИШ дар Ироқ ва Сурия аз сӯйи бастагонашон натоиҷи матлубе дошта ва теъдоде аз онон бо дарки иштибоҳ ва ибрози пушаймонӣ ба кишварҳояшон бозгаштаанд.

Бар асоси қавонини Тоҷикистон, он афроде, ки довталабона ба кишвари худ бозмегарданд ва дар аъмоли онон мушорикат дар куштори шаҳрвандони Сурия ва Ироқ мушоҳида намешавад, мавриди афв қарор мигиранд.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон мегӯянд, ки бо оғози ҷанг дар Сурия ва Ироқ дар таркиби гурӯҳи террористии ДИИШ 1899 шаҳрванди ин кишвар ҳузур дошт.