Ноябр 26, 2018 10:14 Asia/Dushanbe
  • Истихроҷи беш аз якуним миллион тонна ангишт дар Тоҷикистон

Вазорати саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон эълом кард, ки дар 10 моҳи гузашта дар ин кишвар як миллиону 551 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки 85 ҳазор тонна аз давраи мушобеҳи соли қаблӣ бештар аст.

Ба гузориши “Спутник”, мақомоти Вазорати саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон эълом кардаанд, ки дар соли 2018 тавлиди зуғол дар ин кишвар ба ду миллион тонна мерасад.

Дар ин муддат 39 ҳазору 406 тонна зуғолсанг ба хориҷ содир шуда, ки 885 ҳазор доллор ба  Тоҷикистон ворид кардааст ва дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл наздик ба 35 ҳазор тонна афзоишро нишон медиҳад. Аз ин мизон зуғоли содиротӣ 33 ҳазор тонна ба Покистон ва бақия ба Узбакистон мунтақил шудааст.

Набудани газ табиии дохилӣ дар Тоҷикистон сабаб шудааст, ки беш аз 200 корхона ва маркази тавлидӣ дар ин кишвар аз зуғолсанг ба унвони сӯхти аслӣ истифода кунад. Дар Тоҷикистон аз захоири бузурги зуғол дар майдонҳои "Фон-Яғноб ", "Шӯроб" дар вилоияти Суғд, "Назарайлоқ" дар водии рашт, "Зидеҳ" дар шимоли шаҳри Душанбе, "Сайёд" дар дараи Ромити шаҳристони Ваҳдат истифода мешавад. Манобеи Вазорати саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон мегӯянд, ки барои таъмини ниёзи корхонаҳо ва марокизи тавлиди ин кишвар, аз ҷумла маркази гармоишии шумораи 2-и шаҳри Душанбе бояд тавлиди зуғол дар ин ҷумҳурӣ имсол ба ду миллион тонна бирасад. Пеш аз истиқлоли Тоҷикистон ҳаҷми истихроҷи зуғолсанг дар ин кишвар танҳо 309 ҳазор тонна буд.