Ноябр 26, 2018 14:26 Asia/Dushanbe
  • Сафири Фаластин  ба Душанбе меояд

Сафири ғаймуқими Ташкилоти Худгардони Фаластин дар Тоҷикистон имрӯз 26-уми ноябр барои сафаре се рӯза ба душанбе меояд.

Ба нақл аз манобеъи хабарии тоҷикӣ, Муҳаммад Таршаҳанӣ сафири Ташкилоти Худгардони Фаластин дар Тоҷикистон, ки дар Тошканд мустақар аст, то 29 ноябр дар Душанбе ҳузур хоҳад дошт.

Равобити Тоҷикистон ва Ташкилоти Худгардони Фаластин 6-уми марти соли 1992 барқарор шуд, бо ин ҳол ҳамкориҳои ду тараф чандон густарда нест.

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълом кардааст: Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори муборизаи озодихоҳонаи мардуми Фаластин аст.