Ноябр 26, 2018 15:18 Asia/Dushanbe
  • Сохти маркази тиббии рустоӣ дар Тоҷикистон бо кумаки молии вазири дифоъ

Генерал Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон дар яке аз рустоҳои дурдасти ноҳияи Балҷувон маркази тиббӣ сохтааст.

Ба гузориши дафтари матбуотии Вазорати дифои Тоҷикистон, сохти ин марказ дар рустое дар ростои иҷрои супоришҳои раисҷумҳур барои истиқбол аз 30-солагии истиқлол ва беҳбуди шароити иҷтимоии сокинони рустоҳо сохта шудааст.

Ин маркази тиббӣ бо мувофиқати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ сохта шуда, дорои шаш бахши муҷаҳҳаз ба таҷҳизоти пизишкӣ ва низ як мошини ёрии таъҷилӣ аст.