Имкони мушорикати Олмон дар сохти неругоҳи барқи обии Себзори Бадахшон
(last modified Tue, 27 Nov 2018 05:49:46 GMT )
Ноябр 27, 2018 10:49 Asia/Dushanbe
  • Имкони мушорикати Олмон дар сохти неругоҳи барқи обии Себзори Бадахшон

Ҳукумати Олмон мавзӯи мушорикати молӣ дар такмили сохти неругоҳи барқи обии Себзор дар қаламрави вилояти Бадахшони Тоҷикистонро дар дасти баррасӣ дорад.

Ба гузориши сайти Tajweek, мақомоти Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон эълом кардаанд, ки дар чорчуби музокироти ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикистон ва Олмон дар шаҳри Душанбе дар заминаи ҷазби сармояи Берлин барои такмили неругоҳи дар дасти сохти барқи обии Себзор дар қаламрави вилояти Бадахшон тавофуқ ба даст омадааст.

Кори сохти неругоҳи барқи обии Себзор аз соли 2015 рӯйи рӯдхонаи Шохдара дар ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшон дар дидори Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин вилоят оғоз шудааст.

Муҷрии тарҳи сохти ин неругоҳ ширкати барқи вилояти Бадахшон мавсум ба Помирэнергетика мебошад, ки ниёз ба ҷазби сармояи хориҷӣ дорад ва умед меравад, ки ин манобеи молиро ҳукумати Олмон дар ихтиёри ин ширкат қарор диҳад.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон барои ба баҳрабардорӣ расондани ин неругоҳ ба ҳазина кардани 36 миллиону 800 ҳазор доллар ниёз аст.

Неругоҳи барқи обии Себзор метавонад бо тавлиди 60 миллион киловатт-соат барқ дар сол ниёзи бархе аз манотиқи вилояти Бадахшонро ба барқ бароварда созад.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки дар моҳи сентябри имсол дар сафари раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Бадахшон неругоҳи барқи обии Мурғоб дар вилояти Бадахшон, ки бо кумаки молии наздик ба ҳаштмиллионевроии ҳукумати Олмон сохта шуд, ба баҳрабардорӣ расид.

Ин неругоҳ бо зарфияти тавлиди 1500 киловатт-соат барқ заминаи таъмини барқи мавриди ниёзи сокинони ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон дар наздикии марз бо кишвари Чинро, ки дар баландии 3600-метрӣ аз сатҳи баҳр қарор дорад ва баландтарин ноҳияи Тоҷикистон маҳсуб мешавад, фароҳам кард.