Мақомоти Русия зани муҳоҷири тоҷикро аз фарзандонаш ҷудо карданд
(last modified Tue, 27 Nov 2018 10:50:40 GMT )
Ноябр 27, 2018 15:50 Asia/Dushanbe
  • Мақомоти Русия зани муҳоҷири тоҷикро аз фарзандонаш ҷудо карданд

Мақомоти марзбонии Русия монеъ аз пайвастани як зани тоҷик ба фарзандони хурдсолаш дар қаламрави ин кишвар шуданд.

Нашрияи "Фараж" дар шарҳи ин хабар навиштааст, Садбарг Нуралиеваи 41-сола ва зодаи ноҳияи Панҷи Тоҷикистон, ки аз соли 2014 дар Русия ба сар мебурд, беш аз 10 рӯз аст, ки аз дидори фарзандонаш маҳрум аст.

Хонум Нуралиева гуфтааст, рӯзи 17-уми ноябр ба қасди таҷдиди парвонаи иқомати қонунии худ дар Русия аз ин кишвар ба Қазоқистон рафта, аммо ҳангоми баргашт марзбонони рус бо баҳонаҳои беасос монеи вуруди дубораи ӯ ба қаламрави Русия шуданд. Ин дар ҳолест, ки ду фарзанди ин шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия боқӣ монда ва акнун билотаклиф ҳастанд.

Садбарг Нуралиева аз соли 2014 дар шаҳри Екатеринбург зиста ва дар корхонаи тавлиди нон машғул будааст.

Ин нахустин бор нест, ки мақомоти Русия бонувони муҳоҷири тоҷикро аз фарзандонашон ҷудо мекунанд. Яке аз пурсарусадотарин мавориде аз ҷудосозии модарон аз фарзандон қазияи ҷудосозии Зарина Юсуфова аз фарзандаш дар рӯзи 13-уми октябри соли 2015 ба дасти маъмурони полиси Русия буд, ки мунҷар ба фавти ин кӯдак шуд. Марги ин навзоди тоҷик мавҷе аз норизоиятиҳоро дар дохилу хориҷи Тоҷикистон дар пай дошт.