Ноябр 27, 2018 17:39 Asia/Dushanbe
  • Талоши Тоҷикистон барои ҷазби 776 миллион доллар қарзи хориҷӣ

Тоҷикистон қасд дорад, дар 3 соли оянда аз муассисот ва сандуқҳои молии байналмилалӣ беш аз 776 миллион доллар қарз дарёфт кунад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, парлумони Тоҷикистон, ахиран, барномае дар заминаи дарёфти вомҳои хориҷиро барои соли 2019 то 2021 тасвиб кард, ки бинобар он, Душанбе қасд дорад, 776 миллиону 300 ҳазор доллар қарзи хориҷиро дар иқтисод худ ҷазб кунад.

Қарор аст, ин қарз барои тавсеаи авлавиятҳои иқтисоди миллии ин кишвар, аз ҷумла иҷрои 43 тарҳ дар ҳавзаи иртиботот, 10 тарҳи кишоварзӣ ва обёрӣ, 27 тарҳи энержӣ ва саноат ва 5 тарҳи беҳдоштӣ ҳазина шавад. Дар маҷмӯъ, бо ин вомҳо 134 тарҳи умронӣ дар Тоҷикистон иҷро хоҳад шуд.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири дороии Тоҷикистон қарзи хориҷии Тоҷикистонро дар авоили моҳи октябри имсол ду миллиарду 800 миллион доллар эълом кардааст.