Ноябр 28, 2018 09:55 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши мавориди сирқати таҷҳизоти истгоҳҳои ширкатҳои хадамоти телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон

Ширкатҳои ироадиҳандаи хадамоти телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон аз афзоиши мавориди сирқат ё дуздии таҷҳизоти истгоҳҳои тақвияткунанда ва фиристандаҳои амвоҷи ин ширкатҳо тайи ду соли ахир ибрози нигаронӣ мекунанд.

Ба гузориши хабаргузории “Таҷ Вик”, сирқати таҷҳизоти ин ширкатҳо дар Тоҷикистон, ки кишваре кӯҳистонӣ аст, боиси қатъи иртиботи муштариёни телефони ҳамроҳ ва корбарони интернет мешавад.

Ба гуфтаи масъулони ин ширкатҳо, аз баҳори имсол чанд мавриди сирқати кулерҳои насбшуда дар истгоҳҳои тақвияткунанда ва фиристандаҳои амвоҷ дар атрофи шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва Рашт сабт шуда, ки боиси ворид омадани хисороти молӣ ба ширкатҳои ироадиҳандаи хадамоти телефони ҳамроҳ ва қатъи иртиботи муштариёни телефони ҳамроҳ ва корбарони интернет шудааст.

Гуфта мешавад, ки бар асоси баррасиҳои анҷомшуда, дуздҳо шомили ду гурӯҳ мешаванд, ки дастаи аввал танҳо таҷҳизотро мебаранд ва кор бо ин васоилро балад нестанд, аммо гурӯҳи дувум афроди ошно бо таҷҳизот ҳастанд, ки бо ҳадафи фурӯши ин васоил даст ба чунин иқдоме мезананд.

Ҳол он ки дуздии кулерҳои насбшуда дар истгоҳҳои тақвияткунанда ва фиристандаҳои амвоҷи ин ширкатҳо боиси доғ шудани таҷҳизот, оташсӯзӣ ва аз кор афтодани ин марокиз мешавад, ки бо хисороти сангини молӣ ҳамроҳ аст.

Ҳарчанд, ки дар Тоҷикистон дуздии таҷҳизоти мухобиротӣ ва иртиботӣ ҷурм маҳсуб мешавад, дар аксари маворид дуздҳо пас аз боздошт бо пардохти ҷаримаи молӣ, ки наметавонад хисорати ворида ба ширкатҳои ироадиҳандаи хадамоти телефони ҳамроҳро ҷуброн кунад, озод мешаванд.