Ноябр 28, 2018 10:20 Asia/Dushanbe
  •  Пайвастани дубораи Тоҷикистон ба шабакаи барқи воҳиди Осиёи Марказӣ

Бонки Рушди Осиё ба Тоҷикистон барои барқарории дубораи шабакаи барқи воҳиди Осиёи Марказӣ 35 миллион доллар кумаки бебозгашт хоҳад расонд.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, созишномаи ин кумаки молӣ дар шаҳри Душанбе ба имзои Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ва Прадип Сривастава, раиси дафтари намояндагии Бонки Рушди Осиё дар ин кишвар расид.

Бар асоси ин тавофуқнома, 35 миллион доллар кумаки бебозгашти Бонки Рушди Осиё барои барқарории дубораи хутути интиқоли барқи Тоҷикистон ба Ӯзбакистон ва вуруди муҷаддади Душанбе ба шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ сарф хоҳад шуд.

Давлати Ӯзбакистон ба раёсати Ислом Каримов, раисҷумҳури пешини ин кишвар дар соли 2009 ба таври якҷониба иқдом ба тахриби хутути интиқоли барқи Тоҷикистон ба кишвараш кард, ки боиси канор зада шудани Душанбе аз шабакаи барқи воҳиди Осиёи Марказӣ шуд.

Азсаргирии фаъолияти шабакаи барқи воҳиди Осиёи Марказӣ барои Тоҷикистон сабаб хоҳад шуд, ки ин кишвар битавонад барқи изофии худро дар фаслҳои баҳор ва тобистон ба Ӯзбакистон ва Қазоқистон содир кунад.

Ҳамакнун кишварҳои Ӯзбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон узви шабакаи барқи воҳиди Осиёи Марказӣ ҳастанд ва миёни ин 3 ҷумҳурӣ табодули барқ вуҷуд дорад, ки бо пайвастани Тоҷикистон ба ин шабака, таъмини барқи мавриди ниёзи сокинон ва бахши саноати минтақа беҳбуд хоҳад ёфт.