Ноябр 28, 2018 13:26 Asia/Dushanbe
  • Нашрияи ҷопонӣ: Нақши ДИИШ дар ошӯби зиндони Хуҷанд мубҳам аст

Як нашрияи англисизабони чопи Ҷопон бо дарҷи матлабе дар бораи ошӯби зиндони Хуҷанд муддаӣ шудааст, ки дар бораи ин моҷаро ва нақши ДИИШ дар он ҳанӯз ибҳомот ва норавшаниҳои фаровоне вуҷуд дорад.

Нашрияи “Дипломат” бо ишора ба ахбори манобеи расмии Тоҷикистон ва расонаҳои гурӯҳии дохилӣ ва хориҷӣ перомуни ошӯби хунини зиндони шумораи 3 –и шаҳри Хуҷанд, нақши гурӯҳи террористии ДИИШ дар қабули масъулияти ин ошӯбро яке аз ҷанбаҳои мубҳам ва суолбарангези ин рӯйдод донистааст.

Ин нашрияи ҷопонӣ навиштааст, ДИИШ пеш аз ошӯби зиндони Хуҷанд масъулияти ҳамла ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ дар ноҳияи Данғараро ҳам бар ӯҳда гирифт, аммо мақомоти тоҷик бо нодида гирифтани ин мавзуъ, ангушти иттиҳом ба сӯйи Ҳизби мамнуаи наҳзати исломӣ дароз карданд.   

Ба навиштаи нашрияи ҷопонии “Дипломат”, ин дар ҳоле аст, ки ҷудо аз иддаои сомонаи интернетии ДИИШ ва интишори видеои байъати гурӯҳи муҳоҷим ба гардишгарони хориҷӣ бо ДИИШ, шеваи амалкарди муҳоҷимон низ шабоҳатҳои зиёде бо кушторҳои ДИИШ дошт. Аммо дар моҷарои ошӯби зиндони Хуҷанд мавзеи мақомоти тоҷик ба пазириши масъулияти ин ҳодиса аз сӯйи ДИИШ қонеъкунанда ба назар мерасад.

Ин нашрияи англисизабони чопи Ҷопон навиштааст, бо ин ҳол ҳатто агар иддаои ДИИШ дар судури фармон ба пайравонаш барои роҳандозии ошӯб дар зиндони шаҳри Хуҷанд пазируфтанӣ набошад, аммо ин як воқеият аст, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон шумори зиёде аз аъзои ДИИШ маҳбусанд.

Нашрияи “Дипломат” дар поён таъкид мекунад, норавшан мондани нақши ДИИШ ва ҷанбаҳои дигаре аз воқеаи ошӯби шаби зиндони шаҳри Хуҷанд метавонад паёмадҳои ногуворе дар пай дошта бошад.