Оё воридоти гӯшти мурғи амрикоӣ ба нафъи Тоҷикистон хоҳад буд?
Пас аз интишори хабари тавофуқи Амрико ва Тоҷикистон барои воридоти гӯшти амрикоӣ ба Душанбе, ин мавзуъ матраҳ аст, ки оё ин иқдом аз нигоҳи иқтисодӣ ба нафъи Тоҷикистон хоҳад буд?
Ба гузориши “Спутник”, ахиран Хуршед Каримзода, раиси Кумитаи гумруки Тоҷикистон эълом кард, ки дар дидор бо Кристина Стросман, намояндаи Вазорати кишоварзии Амрико дар бораи воридоти гӯшти мурғ ва таҷҳизоти лозим барои мурғдориҳо ба Душанбе баҳсу гуфтугӯ кардааст.
Ба гуфтаи вай, дар ин дидор масоили марбут ба содирот ва воридоти гӯшти мурғ, ҷилавгирӣ аз қочоқи маҳсулоти ғайристандарт ба бозор, таҳвили таҷҳизоти лозим барои тавсеаи санъати мурғдорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аммо “Спутник” ин пурсишро матраҳ мекунад, ки чӣ гуна Тоҷикистон, ки борҳо эълом кардааст, қасд дорад дар таъмини ниёзи мардуми ин кишвар бо гӯшту тухми мурғ ба худкифоӣ бирасад, акнун мехоҳад аз Амрико гӯшти мурғ ворид кунад.
“Спутник” меафзояд, ҳатто Ҳукумати Тоҷикистон бо эъломи ин ки кишвар бо изофаи тавлиди тухми мурғ рӯбарӯ аст, воридоти ин маҳсулро мамнуъ кард.
Хабаргузории русӣ ин пурсишҳоро низ матраҳ кардааст, ки оё мардуми Тоҷикистон метавонанд бо авзои молии нобасомони иқтисодии кишварашон ва маошҳои пойин, аз тавони хариди гӯшти мурғи амрикоӣ, ки аз чанд ҳазор километр дуртар бо ҳазинаи боло ба кишварашон ворид мегардад, бархурдор шаванд? Ва оё ин барнома ба зиёни тавлидкунандагони дохилӣ ва аз даст рафтани фурсатҳои шуғлӣ барои бахши мурғдории Тоҷикистон тамом нахоҳад шуд?
Ин дар ҳолест, ки чанде қабл Русия аз воридоти гӯшти мурғи амрикоӣ ба қаламрави Қазоқистон ҷилавгирӣ кард. Зеро созмони ғизо ва доруи Русия эълом кард, ки дар таркиби гӯшти мурғи содиротии ширкатҳои амрикоии Mountaire Farms Incorporated ва Equity Group - Kentucky Division доруи тазриқшуда мушоҳида шуда, ки барои саломатии инсон хатарнок аст.
Ҳамчунин бахше аз ин маҳсулот бо таърихи масрафгузашта буд, ки 185 тони онро аз қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҷамъоварӣ карда ба Амрико пас фиристоданд.