Гиромидошти Иди саиди Қурбон дар Тоҷикистон
Маросими гиромидошти Иди саиди Қурбон дар Тоҷикистон бо иқомаи намоз дар тамоми масоҷиди ҷомеи ин кишвар баргузор шуд.
Маросими таҷлил ва баргузории Иди саиди Қурбон дар Тоҷикистон соати 7-и субҳи имрӯз бо иқомаи намоз дар тамоми масоҷиди ҷомеи ин кишвар, аз ҷумла масҷиди марказӣ баргузор шуд.
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон зимни қироати хутбаи намози Иди Қурбон дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе, сокинони Тоҷикистонро ба ҳифзи субот дар ин кишвар даъват кард.
Вай аз ҷумла гуфт: "Ҳар кадоми мо боистӣ бо анҷоми аъмоли некӯ дар таъмини субот ва амнияту оромии Тоҷикистон саҳим бошем".
Намози имсоли Иди Қурбон дар масоҷиди Душанбе таҳти тадобири шадиди амниятӣ баргузор шуд.
Дар намози Иди Қурбон дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе намояндагони мақомот ширкат ва суханронӣ накарданд.