Гузориши вижа: Ҳузури намояндагони миллатҳои гуногун дар сохти неругоҳи Роғун
(last modified Thu, 29 Nov 2018 15:13:30 GMT )
Ноябр 29, 2018 20:13 Asia/Dushanbe

Бузургтарин сади хокӣ дар ҷаҳон, беш аз 60 километр тунелҳои зеризаминӣ ва қудрати болои турбинаҳо барои тавлиди барқ, неругоҳи барқи обии Роғунро ба як неругоҳи камназир ва бузургтарини эъҷози муҳандисӣ дар навъи худ дар ҷаҳон табдил додааст.

Нигоҳҳои коршиносӣ аз минтақа ва ҷаҳон ва кишварҳои ҳамзабон дар бораи Роғун, ки намояндагони миллатҳои мухталиф низ дар сохти он ширкат доранд, дар гузориши вижаи ҳамкорамон Халилӣ баррасӣ шудааст.