Декабр 01, 2018 10:05 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон дар миёни кишварҳои фасодзадаи ҷаҳон

Ҳамоиши ҷаҳонии иқтисод дар тозатарин радабандии кишварҳои фасодзада Тоҷикистонро дар ҷойгоҳи 21 –уми ҷаҳонӣ қарор дод, ки шомили 30 кишвари фасодзадатарини дунё мешавад.

Ба гузориши “Спутник”, дар ин радабандӣ, ки нашрияи “Business Insider” таҳти унвони кишварҳои дорои вижагии рушди ришваситонӣ мунташир кардааст, Тоҷикистон дар канори Комбоҷа ва ҷумҳурии Конго дар ҷойгоҳи 21 қарор гирифтааст.

Бар асоси ин радабандӣ, дар миёни 140 кишвари ҷаҳон Ангола, Чад, Венесуэла ва Яман ба унвони фасодзадатарин дар ҷаҳон муаррифӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон аз соли 2016 ришвадиҳанда ва ришвагиранда маҳкум ба пардохти ҷаримаи молӣ мешуданд, ки имсол ин қонун мавриди ислоҳ қарор гирифт ва акнун афроди муттаҳам ба фасоди молӣ маҳкум ба зиндон хоҳанд шуд.

Бар асоси қонуни соли 2016 афроди муттаҳам ба ришвахорӣ дар Тоҷикистон метавонистанд бо пардохти рӯзона 22 доллар ҷаримаи молӣ дар баробари ҳар рӯзи маҳкумияти худ ба зиндон нараванд. Аммо акнун бо гузашти ду сол аз тасвиби ин қонун, мақомоти Ожонси давлатии мубориза бо фасоди Тоҷикистон ба далели ду баробар шудани афзоиши ҷароими марбут ба фасоди молӣ ва ришвахорӣ, тарҳи ҷойгузини зиндон ба ҷойи ҷаримаи молиро ироа карданд, ки ба тасвиб расид. Дар чорчӯби мубориза бо фасод ва ришвахорӣ дар Тоҷикистон акнун барои ин афрод муҷозоти сангини маҳкумият ба зиндон дар назар гирифта шудааст.

Ин дар ҳолест, ки чанде қабл Нигора Ҳокимӣ, корманди аршади Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон гуфта буд, ки бо вуҷуди тадбирҳои ҳукумат дар заминаи мубориза бо фасоди молӣ ва ришвахорӣ ин маворид коҳиш наёфта ва Тоҷикистон дар радабандиҳои байналмилалӣ дар ҷойгоҳи номатлубе қарор дорад.