Мушаххас шудани қимати симкортҳои телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон то поёни соли 2018
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i39845-Мушаххас_шудани_қимати_симкортҳои_телефони_ҳамроҳ_дар_Тоҷикистон_то_поёни_соли_2018
Бо наздик шудан ба поёни замони таъйиншуда аз сӯйи раисҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди мушаххас кардани қимати симкортҳои телефони ҳамроҳ дар ин кишвар, Анҷумани ширкатҳои ироадиҳандаи хадамоти телефони ҳамроҳ фурӯши ҳар симкортро ба маблағи 100 сомонӣ (муодили 10 доллар) хостор шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 01, 2018 07:01 Asia/Dushanbe
  • Мушаххас шудани қимати симкортҳои телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон то поёни соли 2018

Бо наздик шудан ба поёни замони таъйиншуда аз сӯйи раисҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди мушаххас кардани қимати симкортҳои телефони ҳамроҳ дар ин кишвар, Анҷумани ширкатҳои ироадиҳандаи хадамоти телефони ҳамроҳ фурӯши ҳар симкортро ба маблағи 100 сомонӣ (муодили 10 доллар) хостор шудааст.

Ба гузориши сомонаи “ТОП Тҷ”, ин анҷуман таъкид кардааст, ки то рӯзи 15 декабри соли ҷорӣ қимати симкортҳои телефони ҳамроҳ мушаххас хоҳад шуд ва беҳтар аст, ки ҳар як адад симкорт ба маблағи 100 сомонӣ (муодили 10 доллар) ба фурӯш бирасад.

Тобистони имсол Хадамоти алоқаи Тоҷикистон тарҳи афзоиши ҳазинаи фурӯши ҳар як адад симкорти телефони ҳамроҳ аз 5 ба 250 сомониро ироа кард, ки бо эътирози шадиди мардум рӯбарӯ шуд ва Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури ин кишвар дастури мамнуияти амалӣ шудани ин пешниҳод то авоили соли 2019-ро содир кард.

Дар ҳоли ҳозир коргурӯҳи вежае саргарми баррасии ин мавзуъ аст.

Аммо як манбаъ аз Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфтааст, ки ба таври ҳамзамон дар ин коргурӯҳ мавзӯи мамнуияти доштани телефони ҳамроҳ барои ҷавонони зери 14 сол низ дар дасти баррасӣ аст.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон муътақиданд, афзоиши қимати фурӯши симкорти телефони ҳамроҳ метавонад аз иваз шудани фаврии он ва истифодаи террористҳо аз чанд симкорт пешгирӣ кунад.

Дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон ҳаддиақали нафақаи моҳонаи бознишастагӣ 246 сомонӣ мебошад, фурӯши як адад симкорт ба қимати 250 сомониро корбарони фазои маҷозӣ ба шиддат маҳкум карданд.