Декабр 01, 2018 11:13 Asia/Dushanbe
  • Замони баҳрабардории комил аз садди нерӯгоҳи “Роғун” эълом шуд

Ширкати итолиёии Salini Impregilo S. p. A, муҷрии тарҳи такмили сохти нерӯгоҳи барқӣ - обии “Роғун” дар Тоҷикистон замони баҳрабардории комили ин проекти муҳимро соли 2033 эълом кардааст.

Ба гузориши хабаргузории “Таҷ Вик”, ин ширкат дар сомонаи расмии худ бо ишора ба баҳрабардорӣ аз турбинаи нахусти нерӯгоҳи обии “Роғун” рӯзи 16 ноябри соли ҷорӣ эълом кардааст, ки барқи турбинаи дувуми ин нерӯгоҳ дар баҳори соли 2019 вориди шабакаи барқи саросарии Тоҷикистон хоҳад шуд.

Коршиносони ин ширкат муътақиданд, Тоҷикистон бо фурӯши барқи ду турбинаи нерӯгоҳи обии “Роғун” ба хориҷ метавонад бахше аз хароҷоти идомаи сохти ин нерӯгоҳро фароҳам созад.

Қаблан коршиносони тоҷик замони обгирии комили садди 335 метрии нерӯгоҳи обии “Роғун” -ро 12 то 13 сол эълом карда буданд, ки ширкати итолиёии “Salini Impregilo S. p. A”, муҷрии тарҳи такмили сохти ин нерӯгоҳи ин мӯҳлатро 15 сол таъйин кардааст. Турбинаи нахусти нерӯгоҳи обии “Роғун” бо садди 75 метрӣ аз садди 335 метрии дар ҳоли сохти ин тарҳи муҳими энержии Тоҷикистон ба баҳрабардорӣ расид.

Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2016 кори такмили сохти ин нерӯгоҳро ба ширкати итолиёии “Salini Impregilo S. p. A” вогузор кард. Ин ширкат мутааҳҳид шуд, ки дар рӯзи 16 ноябри соли ҷорӣ турбинаи нахусти ин нерӯгоҳро ба баҳрабардорӣ бирасонад, ки ба ваъдаи хеш амал кард.

Сохти нерӯгоҳи обии “Роғун” дар 110 километрии шарқи шаҳри Душанбе ва рӯйи рӯдхонаи Вахш дар соли 1976 мелодӣ барномарезӣ шуд, ки бо садди хокии 335 метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловатт соат барқ дар сол, бузургтарин тарҳи барқӣ - обӣ дар минтақа ва ҷаҳон ба ҳисоб меояд.

Дар сурати баҳрабардорӣ аз 6 турбинаи нерӯгоҳи обии “Роғун”, ҳар як бо зарфияти тавлиди 600 мегаватт барқ дар сол, Тоҷикистон на танҳо аз буҳрони камбуди барқ хориҷ мешавад, балки тавони афзоиши содироти барқ ба хориҷро низ хоҳад дошт.