Декабр 01, 2018 11:49 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши 5 дарсадии саҳми алюминиюм дар содироти Тоҷикистон тайи 10 соли ахир

Саҳми алюминиюм дар содироти Тоҷикистон тайи 10 соли ахир наздик ба 5 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, ширкати алюминиюми Тоҷикистон дар соли 2017 ба маблағи 196 миллиону 600 ҳазор доллар маҳсулот фурӯхтааст, ки ҳаҷми кулли содироти Тоҷикистон 1 миллиарду 200 миллион доллар эълом шуда ва саҳми ин маҳсули саноатӣ ба 16, 14 дарсад расидааст.

Ҳол он ки дар соли 2007 ҳаҷми кулли содироти Тоҷикистон 1 миллиарду 468 миллион доллар буд, ки наздик ба 1 миллиарду 85 миллион доллари онро алюминиюм ташкил медод ва 74 дарсади содироти ин кишварро ба худ ихтисос дода буд.

Дар соли 2007 ширкати алюминиюми Тоҷикистон 419 ҳазор тон маҳсул тавлид карда буд, ки ин шохис дар соли 2017 ба 103 ҳазор тон коҳиш ёфт. Ҳамчунин тайи 9 моҳи соли ҷорӣ тавлиди маҳсулот дар ширкати алюминиюми Тоҷикистон ба 72 ҳазору 500 кило расидааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл коҳиши беш аз 3 ҳазор тонниро нишон медиҳад.

Мудирияти ин корхона умедвор аст, ки то поёни соли ҷорӣ кори бозсозии таҷҳизоти ин маркази тавлидиро бо кумаки мутахассисони чинӣ такмил ва дар соли 2019 барои афзоиши тавлиди маҳсулот талош кунад.

Ба ин манзур таҷҳизи 300 деги об кардани маводи хоми алюминиюм идома дорад.

Корхонаи алюминиюми Тоҷикистон аз зарфияти тавлиди 500 ҳазор тон маҳсулот дар сол бархурдор аст, ки дар солҳои ахир ба далоили мухталиф танҳо қодир ба тавлиди беш аз 100 ҳазор тон алюминиюм будааст.