Боздиди Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ аз масҷиди ҷадид+akc
(last modified Sat, 01 Dec 2018 10:25:15 GMT )
Декабр 01, 2018 15:25 Asia/Dushanbe
  • Боздиди Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ аз масҷиди ҷадид+akc

Рӯзи 30 ноябр раисҷумҳури Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе аз раванди корҳои сохтусози масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ва сохтмони ҷадиди Донишгоҳи исломии Тоҷикистон боздид карданд.

Ба гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, ин масҷид ва Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит бо сармояи давлати арабии Қатар сохта хоҳанд шуд.

Дар ним соли ахир ин бори дувум аст, ки Эмомалӣ Раҳмон аз маҳалли ин сохтмон дидан мекунад.

Ба гуфтаи манбаъ, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ин масҷид ва донишгоҳ бояд садҳо сол ба мардуми Тоҷикистон хидмат кунанд.

Дар ҳошияи боздиди раисҷумҳур аз масҷид, вай масъулини марбутаро ба анҷоми бокайфияти зинатдиҳии масҷид ва эҷоди фазои сабз дар майдони он муваззаф кард.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, корҳои зебосозӣ, аз ҷумла кандакорӣ ва чӯбтарошии масҷид бояд тибқи стандартҳои рӯзи дунё ва риояти нукоти меъмории мардуми куҳани тоҷик анҷом гирад то ин сохтмон ба мардуми тоҷик ва афроде, ки аз кишварҳои дигар ба ин ҷо меоянд садҳо сол хидмат кунад.

Масҷиди бузурги ҷомеи Душанбе, ки дар кӯчаи Низомии Ганҷавӣ, дар майдони 12 гектар замин қарор дорад, шомили маконҳои намозхонӣ, китобхона, музей ва салони ҷаласот мебошад.

Сохти ин масҷид аз соли 2009 оғоз шудааст. Тарҳи ин масҷид, ки меъморони Тоҷикистон ва Қатар омода кардаанд, аз 4 манора бо баландии 75 метр ва гунбади 47 метрӣ иборат хоҳад буд.