Идомаи боздошти як фаъоли сиёсии тоҷикистонӣ дар Русия
(last modified Sat, 01 Dec 2018 13:57:30 GMT )
Декабр 01, 2018 18:57 Asia/Dushanbe
  • Идомаи боздошти як фаъоли сиёсии тоҷикистонӣ дар Русия

Наимҷон Самеев аз мақомоти пешини ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки шаби гузашта дар Русия боздошт шуда, ҳамчунон дар банд аст.

Ба гузориши сомонаи Ахбор, Самеев дар шаҳри Грозний, маркази ҷумҳурии Чеченистони Русия боздошт ва ба боздоштгоҳе дар шаҳри Страврополи ин кишвар мунтақил шудааст.

Гуфта мешавад, ин рӯҳонӣ, ки дар гузашта аз фаъолони сиёсии Тоҷикистон маҳсуб мешуд, дар солҳои ахир дар Русия зиндагӣ мекард.

Мақомоти қазоии Тоҷикистон алайҳи ӯ, иттиҳомоте матраҳ ва парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд, ки бо пешинаи фаъолияти ӯ дар ҳизби мамнӯи наҳзати  исломӣ муртабит аст.

Наимҷон Самеев дар гузашта раҳбарии шӯъбаи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро дар вилояти Суғд ва шаҳристони Исфара ӯҳдадор буд.

Фаъолияти ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон соли 2015 ба иттиҳоми мушорикат дар шӯриши генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини вақти вазири дифои Тоҷикистон бо мусаввабаи Додгоҳи олии Тоҷикистон мамнӯъ эълом шуд.

Ба думболи ин рӯйдод, даҳҳо нафар аз мақомоти ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, зиндонӣ ва ҳазорон нафар аз аъзои он ҳам ба хориҷ бавижа кишварҳои аврупоӣ паноҳанда шуданд.