Декабр 02, 2018 10:33 Asia/Dushanbe
  • Муфтии мусалмонони Маскав ҷонибдори афзоиши ҷамъияти Тоҷикистон

Раиси Шӯрои мусалмонони Русия ва муфтии шаҳри Маскав афзоиши ҷамъияти Тоҷикистонро хостор шуд.

Ба гузориши Спутник, Албир Крганов бо ишора ба барномаи кумаки молии дувуниммиллиондолларии давлати Япония ба Тоҷикистон барои танзими ҷамъияти ин кишвар гуфтааст, ки дар Ислом сиқти ҷанин ба ҷуз дар мавридҳое, ки ҷони модар ва кудакро таҳдид мекунад, ҳаром аст.

Вай таъкид кардааст, ки Ислом аз афзоиши таваллуд дар миёни пайравони хеш ҳимоят мекунад ва ҳар навзоди тоҷик дар оянда ба унвони неруи кори фаъоли кишвараш метавонад 1 миллион доллар дар тавлиди нохолиси милли ин ҷумҳурӣ саҳмгузор бошад.

Аз дидгоҳи муфтии шаҳри Маскав танзими ҷамъият ва набуди таваллуд дар теъдоде аз кишварҳои ғарбӣ сабаби буҳрони камбуди неруи кори ҷавон ва пир шудани ҷамъият шудааст, ки ин тарҳ барои кишварҳои исломӣ қобили пазириш нест, чунки арзишҳо ва дидгоҳҳои мактаби либералии ғарбӣ бо шариати Ислом мухолиф аст.

Аммо созмонҳо ва ниҳодҳои молии байналмилалӣ бо номутавозин хондани таносуби рушди ҷамъият ва иштиғолзоӣ дар Тоҷикистон, танзими ҷамъият ин кишварро хостор шудаанд.

Бонки Ҷаҳонӣ рушди сареъи ҷамъияти Тоҷикистонро, ки мутаносиб бо барномаи эҷоди иштиғол дар ин кишвар нест, бомбаи соатӣ ва шамшери дулаба унвон кардааст.

Тоҷикистон дар миёни кишварҳои узви ИДМ аз нигоҳи рушди ҷамъият, ки ду дарсад дар сол аст, дар мақоми нахуст қарор дорад.

Дар ҳоле, ки як севум аз ҷамъияти 9-миллионнафарии Тоҷикистонро навҷавонони то 14 сол ташкил медиҳанд ва барномаи муҳоҷирати неруи кори ҷавони ин кишвар ба хориҷ ҳам мубҳам ва норавшан аст.

Ахиран давлати Япония эълом кард, ки ба дархости ҳукумати Тоҷикистон дар чорчуби як барномаи 4-сола барои танзими ҷамъияти ин кишвар кумаки молии дувуниммиллиондолларӣ ихтисос хоҳад дод.