Декабр 03, 2018 10:05 Asia/Dushanbe
  • Боздошти масъули Кумитаи замини ноҳияи Вахш ба иттиҳоми дарёфти ришва

Кормандони Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, масъули Кумитаи замини ноҳияи Вахшро ҳангоми дарёфти маблағи 95 ҳазор сомонӣ ришва барои вогузарии замин ба яке аз сокинони ин минтақа боздошт карданд.

Ба гузориши сомонаи Ахбор, Аҳлиддин Амиршозода дар пайи шикояти як сокини ноҳияи Вахш бинобар ин ки ин мақоми масъул аз вай дар баробари вогузарии замин маблағи 95 ҳазор сомонӣ ришва талаб кардааст, боздошт шуд.

Кормандони Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе, 29 ноябр Амиршозодаро ҳангоми гирифтани ин 95 ҳазор сомонӣ дастгир кардаанд ва маблағи пора ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ мусодира карда шудааст.

Бар асоси Қонуни асосии Тоҷикистон, замин моликияти истисноии давлат буда, хариду фурӯши он мамнӯъ мебошад. Вале дар шароити Тоҷикистон, ки 93 дарсади қаламраваш кӯҳистон буда, кулли масоҳати заминҳои мавҷудаш ба сари ҳар нафар аз 8,5 миллион аҳолии кунуниаш ҳамагӣ 6-сотихӣ рост меояд, ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтани манзил ба яке аз манбаъҳои умдаи фасоду порахӯрӣ табдил ёфтааст. Тақрибан ҳар ҳафта аз Тоҷикистон дар бораи боздошти мансабдорон бо иттиҳоми фурӯши ғайриқонунии замин гузоришҳо ба даст мерасанд.

Аз ҷумла ахиран гузориш омад, ки ба зидди Абдухалил Ёрматов, раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд парвандаи ҷиноӣ оғоз кардаанд ва ӯ фирор кардааст. Ёрматовро рӯзи 28 ноябр дар ғайбаш аз мақом барканор карданд ва низ ғоибона ҳукми ҳабси ӯро содир карда, ин мансабдори қаблан баландпоя ва пурнуфузро таҳти кофтукоб қарор додаанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори нигаронӣ аз мавридҳои рӯ ба афзоиши муомилаҳои ғайриқонунӣ бо замин дар чандин суханрониаш кумитаи заминсозиро яке аз фасодзадатарин ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ном бурдааст.

Кумитаи заминсозии Тоҷикистон соли гузашта гуфт, аз 29 ҳазор гектар замине, ки барои сохтани манзил ҷудо шудаанд, мақомоти ҷамоатҳо то ҳол 32 фоизашро ба мардум тақсим накардаанд ва пинҳон нигоҳ медоранд.

Бино ба омори расмӣ, дар 25 соли истиқлоли Тоҷикистон дар ин кишвар барои сохтани манзил 120 ҳазор гектар замин ҷудо шудааст. Вале дар ин муддат шумори аҳолии Тоҷикистон қариб ду маротибаи дигар афзуд ва ба 8,5 миллион нафар расид.