Занон: 90 дарсади афроди муртабит бо қочоқи инсон дар Тоҷикистон
(last modified 2018-12-03T05:49:20+00:00 )
Декабр 03, 2018 10:49 Asia/Dushanbe
  • Занон: 90 дарсади афроди муртабит бо қочоқи инсон дар Тоҷикистон

Муовини вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон эълом кард, 90 дарсади аъзои гурӯҳҳои фаъол дар қочоқи инсон дар ин кишвар, занон ҳастанд.

Ба гузориши Спутник, Икром Умарзода тайи суханроние дар нишасти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфтааст, ки дар муддати 10 моҳи соли ҷорӣ дар ин кишвар, 49 нафар дар иртибот бо ҷиноёти марбут ба қочоқи инсон боздошт шудаанд, ки 44 нафар зан ва 5 тани дигар мрд будаанд.

Ба гуфтаи вай, 36 зан ва 10 кӯдак тайи 10 моҳи соли ҷорӣ, қурбонии фаъолияти гурӯҳҳои фаъол дар қочоқи инсон дар ин кишвар шудаанд.

Ӯ афзуд, бар асоси тағйироти нав,  додани мақоми қурбонии савдои одамон, ки то ҳол аз ҷониби Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамон дода мешуд, содда гардид.

“Дар таҳрири нав мақоми ҳуқуқии қурбонӣ ё ҷабрдидаи савдои одамон аз ҷониби яке аз субъектони бевоситаи муқовимат ба савдои одамон дода мешавад”, - изҳор дошт Умарзода.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйироти мазкурро қабул намуданд ва он баъди гузаштани расмиёти дигар мавриди амал қарор хоҳад гирифт.