Декабр 03, 2018 14:59 Asia/Dushanbe
  • Касби 2 медали тилло ва биринҷии варзишкорони тоҷик дар Ҷоми Осиё

у паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи Ҷоми Осиё дар риштаи дзюдо ду медал ба даст оварданд.

Ба гузориши сомонаи Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, дар мусобиқаи Ҷоми Осиё, ки аз якум то дувуми декабр дар шаҳри Гонконг баргузор шуд, Сомон Муҳаммадбеков медали тилло ва Хайёмиддин Ҷабборов соҳиби медали биринҷӣ шуданд.

Ҳарду варзишкори тоҷик дар вазни 73 килограм мубориза карданд.

Рақибони Сомон Муҳаммадбеков аз Чин, Филиппин, Муғулистон ва Япония буданд, ки вай онҳоро шикаст дод ва мақоми нахустро касб кард. Хайёмиддин Ҷабборов низ дар даври муқаддамотӣ бар варзишкори Индонезия, Гонконг ва Муғулистон ғолиб омад, аммо дар даври ниманиҳоӣ аз варзишкори ҷопонӣ шикаст хӯрд. Вай дар рақобат барои мақоми сеюм бар варзишгари филиппинӣ пирӯз шуд ва медали биринҷиро касб кард.